Маҳфили «Шаҳри ишқ» ва оғози мавсими 28-уми театрӣ
ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябри соли равон, соати 18:00 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов маҳфили «Шаҳри ишқ» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳфил ба солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Фаррух Қосим ва кушодашавии мавсими 28-уми театрӣ бахшида мешавад.
Дар доираи барнома ба мухлисони санъати театрӣ моноспектакли «Ватандорӣ» дар таҳияи Фирдавси Қосим манзур мегардад.
Фаррухи Қосим 17 сентябри соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва кинои тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон, ки он замон «Аҳорун» ном дошт, бо ташаббуси ӯ аз январи соли 1990 ба фаъолият шурӯъ кард. Намоишҳои Фаррухи Қосим ва театри «Аҳорун» тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистон ҷараёни нав ворид карданд.
Тӯли ин муддат ҳунармандони театри мазкур барои иштирок дар намоишҳои зиёде дар таҳияи Фаррухи Қосим, аз ҷумла «Қиссаи ишқ», «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шайх Санъон», «Шоҳ Фаридун» ва «Шоҳ Лир» барандаи ҷоизаҳои бисёре дар ҷашнвораҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шуданд.
Худи Фаррухи Қосим «барои дастовардҳои фавқулода дар арсаи ҳунар ва рушд» барандаи яке аз даҳ ҷоизаи байналмилалии Сандуқи Шоҳзода Клаус (Голландия) дар соли 2004 гардид.
Имрӯзҳо ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон зимни пешниҳоди спектаклҳо ба тамошобинон ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану миллат, бовар ба худ ва ба шикастнопазирии зебоӣ, меҳр ва ҳунарро тақдим мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






