МАРҲАБО БА ИДИ АСАЛ! Дар доираи он барои интихоби асалпарвари беҳтарин озмун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал доир мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони аҳолӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар имсол бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ Иди харбуза ва асал бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар Иди асал занбӯрпарварони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ асалҳои гуногун, гиёҳҳои шифобахш, шириниҳои аз он омода гардида ва инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази намоиш мегузоранд.

Дар ин маъракаи идона барои интихоби асалпарвари беҳтарин озмун гузаронида мешавад. Ғолибони озмун, ки аз тарафи комиссияи тадорукот муайян мегарданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзӣ сарфароз мегарданд.
«Дар Иди асал меҳмонон ва сокинони пойтахт аз барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, сипас маҳсулоти ба тамошо гузоштаро метавонанд бо нархҳои дастрас харид намоянд»,-зикр намуд манбаъ.








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






