МАРҲАМАТ БА ИДИ ХАРБУЗА! Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даъват мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди харбуза доир мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, оғоз аз моҳи август ҳамчун анъана дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза доир мегардад.
«Соли равон Иди харбуза дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар ин рӯз тамоми навъҳои беҳтарини харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад, ки меҳмонону сокинон метавонанд онҳоро бо нархҳои дастрас харид намоянд»,-гуфт манбаъ.
Ҳамчунин барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешниҳод менамоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин барзгарони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






