Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншооти навро ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳо ба назар мерасанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии ин гӯшаи дурдасти мамлакат ҳидоят намуданд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






