Наврӯзбек Давлатовро барои додани таом дар «чил»-и падари марҳумаш панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд
ФАЙЗОБОД, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси сайёри судӣ сокини деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод Наврӯзбек Давлатовро барои гузаронидани маъракаи «чил» -и падари марҳумаш бо додани таом дар асоси қисми 1-и моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд.
Дар ин бора судяи Суди ноҳия Файзулло Мирзозода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда бар хилофи талаботи қисми 2-и моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бояд маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шавад, ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо кушодани дастархону додани як таом гузаронидааст.
Наврӯзбек Давлатов соҳиби се фарзанд буда, айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва сатҳи зиндагияш паст мебошад. Вале ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи маблағи зиёд ва риоя накардани қонунгузории кишвар маъракаи «чил» -и падарашро бодабдаба гузаронидааст.