Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Сентябрь 12, 2018 12:46

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ошёнаҳои аз 1 то 7-уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад.

Дар таҳхона утоқҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудаанд.

Дар ҳудуди бинои мақомоти шаҳр ба ғайр аз иншооти асосӣ боз дегхона бо анбор барои захираи ангишт, зеристгоҳи трансформаторӣ, таваққуфгоҳ барои 20 ҷойи мошин ва дигар биноҳои зарурӣ сохта мешаванд.

Барои боз ҳам зебо гардонидани атрофи иншоот дар саҳни бино бунёди фаввораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо ҳидоят карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марказҳои маъмурии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза касб менамоянд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 12.09.2018

Сентябрь 12, 2018 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд