Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон

Сентябрь 6, 2018 10:18

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 6 сентябр дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.

Бунёду навсозии роҳу пулҳои мошингард ва таҷдиди як қатор инфрасохтори муҳими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо рӯҳия ва ҳисси баланди  миллӣ анҷом дода мешавад.

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки ноҳияи Ёвон мувофиқи меъёрҳои  муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо  иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди  шиносоӣ бо лоиҳаи  навсозии роҳҳо дар  кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон ба корҳои таҷдиди навсозӣ расман оғоз бахшиданд.

Дастур дода шуд, ки зимни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳо тамоми нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта шуда, таҷдиди роҳ бо сифати баланд анҷом дода  шавад.

Тавре маълум гардид, бо назардошти зарурати навсозӣ, дар маҷмӯъ 16 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид мегарданд ва он бояд  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.

Таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла,  “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд.

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон 06.09.2018

Сентябрь 6, 2018 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд