ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона паст гашта, вазиши шамол аз самти ғарб то ба 10-15 метр дар як сония мерасад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9, рӯзона 19+24 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-9 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Вазиши шамол аз самти ғарб то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +12 +17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб аз 3-8 то 10-15 метр дар як сония мевазад. Шабона +11+13 ва рӯзона +30+32 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






