Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи китоб Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2018» баргузор гардид.
Мақсади асосии озмун аз баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар иборат буд.
Тавре аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ хабар доданд, озмун аз 18 январ эълон гардида, 31 июли соли 2018 ба анҷом расид.
Ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун аз рӯи 3 бахш- «Китобхонаи сол» 25 ҳуҷҷат, «Китобдори сол» 26 ҳуҷҷат ва «Китобхонаи шахсии сол» 12 ҳуҷҷат ворид гардид.
Мутобиқи қарори ҳакамони озмун дар бахши «Китобхонаи сол» Китобхонаи оммавии вилояти Суғд ба номи Т.Асирӣ ҷоизаи «Гран -прӣ» барои ҷойи аввал, Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи дуюм, Китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар бахши «Китобдори сол» китобдорони зерин- Алидод Чароғабдолов, директори Китобхонаи оммавии ВМКБ ба номи А.Рӯдакӣ ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи аввал, Дилфуза Шамсиева, директори Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷоизаи «Гран — прӣ» барои ҷойи дуюм, Хайрулло Набиев, мудири китобхонаи деҳоти Дӯстии ноҳияи Муъминобод ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар бахши «Китобхонаи шахсии сол» китобхонаҳои шахсии зерин: Китобхонаи шахсии «Ганҷи Мунк»-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи аввал, Китобхонаи шахсии ҷамъияти «Вализодагон»-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи дуюм, Китобхонаи шахсии ба номи «Хонаи асрори маънӣ»-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷоизаи «Гран-прӣ» барои ҷойи сеюмро сарфароз гардиданд.
Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






