Пешвои миллат ба сокинони Мурғоб барои зиёд кардани саршумори қутос ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифати парҳезӣ дастур доданд

Сентябрь 13, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Мақсад аз сафар ба ин минтақаи дурдасти мамлакат шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии он мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ин ноҳияи дурдаст зикр намуданд, ки ноҳияи Мурғоб Тоҷикистонро тавассути ду гузаргоҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ — Қизил Арт–Саритош ва Кулма-Қаросӯ бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад. Яъне қисми асосии шоҳроҳи байналмилалии мошингард, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои бузург ва бандарҳои обӣ мепайвандад, тавассути ин ноҳия мегузарад.

Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 ҳазор мошинҳои боркаш бо зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун гузаргоҳи байналмилалии Кулма-Қаросӯро убур мекунанд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо дарназардошти нақши бисёр муҳими ин масъала, Ҳукумати кишвар барои таҷдиду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо маблағҳои буҷети давлатӣ, қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои шарикони рушдро равона карда истодааст.

Ҳукумати мамлакат дар баробари татбиқи лоиҳаи Мурғоб-Кулма, ки масофаи он 33 километр ва арзиши лоиҳавиаш зиёда аз 140 миллион сомониро ташкил медиҳад, инчунин ҳоло дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб» қитъаи Хоруғ –Мурғоб — Кулмаро барои маблағгузорӣ ба шарикони рушд пешниҳод намудааст.

Президенти кишвар дар идома ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастур доданд, ки ҷиҳати таъмиру барқарор намудани роҳҳои ҳудуди вилояту ноҳия, дар ҳамаи фаслҳои сол дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо ва бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба андешаи Роҳбари давлат, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Мурғоб имконияти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва хизматрасониву сайёҳӣ васеъ мегардад.

Инчунин зарур шумориданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар баробари таъмиру барқарорсозии роҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, махсусан, кӯҳнавардиву шикор ва сайёҳии табобатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки ноҳияи Мурғоб  барои рушди соҳаи чорводорӣ, алалхусус, қутоспарварӣ имкониятҳои зиёд  дорад ва ба сокинони он дастур доданд, ки дар ин самт барои зиёд кардани саршумори қутос ва таъмин кардани аҳолӣ бо гӯшти хушсифати парҳезӣ боз ҳам бештар кӯшиш намоянд.

Сентябрь 13, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн