РАШТ: донишҷӯёну омӯзгорон суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Дарси сулҳ тавассути телевизион тамошо намуданд
РАШТ, 01.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш дар ноҳияи Рашт маросими тантанавӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯёну устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ин ноҳия ва Коллеҷи тиббии ноҳия иштирок намуданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, баъд аз анҷоми маросими тантанавӣ устодону донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил тавассути телевизион тамошо намуданд.
Мудири маорифи ноҳияи Рашт Зарина Идиева дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки субҳи имрӯз дар ноҳия зиёда аз 27 ҳазор нафар хонандагон, ки 3 ҳазор нафари онҳо ба синфи якум қабул гардидаанд, пас аз анҷоми ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар тамоми мактабҳо тавассути телевизиор суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Дарси сулҳ мустақиман пахш мегардид, тамошо намуданд.
З.Идиева ҳамчунин иброз намуд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ унвон гирифтани якуми сентябр дар худ ҳикмати махсус дорад. Ҳикмати асосии он – ин бори дигар рӯ овардани ҷомеа ба рушди соҳаи маориф, ки пешравии мамлакат аз он вобастагии калон дорад, мебошад. Боиси хушҳолист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






