Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба як қатор кормандони муваффақ мукофотҳои давлатӣ супориданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар арафаи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 2018 таҳти №1080 намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдир карда шуданд.
30 август дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ин мукофотҳоро ба як зумра шахсоне, ки меҳнаташон қадр гардидааст, тақдим намуданд.
6 сентябр дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ иштирокчиёни ҷамъомадро ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро самараи сиёсати бобарори иқтисодию иҷтимоӣ ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдому ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 27 сол халқи тоҷик ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ маъмулу машҳур шуд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ аз ҳамаи хизматчиёни давлатӣ хизмати содиқонаю софдилонаро ба нафъи милату давлат тақозо намуда, таъкид доштанд, ки маҳз бо фаъолияти самарабахшу поквиҷдонона мо метавонем дар пешрафту тараққиёти боз ҳам бештари Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як қатор кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бисёрсола ва саҳми шоиста дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори ҷашни бисту ҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта барору муваффақият таманно намуданд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони зерин медали «Хизмати шоиста» супориданд:
Раҷабалидухт Файзинисо Мирзозода, муовини Мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайдалиев Маҳмадӣ Шодмонович, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо тақдир карда шуданд:
Абдуллозода Алишер Ҳамид, мудири бахши Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллозода Фирдавс Асадулло, мудири бахши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобоҷонзода Миҷгона, сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иноятова Саодат Исматовна, мутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзуллоев Камол Мирзошарифович, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба чанд нафар кормандон Ифтихорномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.










Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд






