Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Чолпон – Ота ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 12.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи 18-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Кумита ва фаъолияти он дар соли 2018 ва нақшаи корӣ барои соли 2019 матраҳ шуда, нақшаи чорабиниҳои Стратегияи фаъолияти Кумита барои давраи то соли 2020 тасдиқ гардад.
Ҳамзамон дар ҷаласа таҷрибаи ташкили фаъолияти Хадамоти давлатии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ошкор, пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайрокуниҳои гумрукӣ ва тадбирҳои муштарак дар мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ мегарданд. Иштирокдорони ҷаласа ҷанбаҳои гуногуни баргузории амалиёти байналмилалии махсуси гумрукии «Бозиҳо-2019» ва ташкили ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумрукии кишварҳои ИДМ зимни баргузории ин амалиётро баррасӣ менамоянд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо бо истифода аз шабакаҳои почтаи байналмилалӣ, инчунин такмили таъминоти таҳлилию иттилоотии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ матраҳ хоҳанд гардид.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






