Рушди ҳунармандӣ дар оила — омили саодату пойдории хонадон

Сентябрь 14, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр, соати 10:00 дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди ҳунармандӣ дар оила — омили саодату пойдории он» баргузор мегардад.

Конфронси мазкур ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ ва воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

Ҳадафи конфронс- ин эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули фарҳанги хонавода ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Сентябрь 14, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд