Шукрулло Хайрзода: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ назаррас аст

Сентябрь 5, 2018 16:36

ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Оғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборизаҳои сиёсӣ фаро гирифтанд, ки он дар натиҷа ба ҷанги дохилӣ мубаддал гардид. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва тақдири ояндаи миллату давлат муайян шуд. Маҳз ин Иҷлосия ба худ номи тақдирсоз гирифт ва ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошт.

Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  душвориҳо ва озмоишҳои азим вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ аз як тараф ва муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи дигар дучор омад. Махсусан ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда,  ба иқтисодиёт зарари азим расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари  амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар давраи аз соли 1991 то соли 1996  маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфт. Дар ин давра истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 52,8% кам гардида, таназзул дар истеҳсолоти саноатӣ 65,8%-ро ташкил дод.

Пойдорӣ ва устувории ҳукумати сиёсии қонунӣ ва дарки ба ваҳдат расидани ҷамъият омили муҳими боздошти харобшавии иқтисодӣ буд, вагарна ин хисорот аз ин ҳам бештар буда метавонист.

Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз ӯ тавонист марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намояд. Дар ин давра афзоиши  солонаи  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,3-10,6%-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии он аз 518,4 млн.сомонии  соли 1997 то ба 54471,1млрд. сомонии соли 2016 расид, яъне он ҳамасола ба андозаи 7 фоиз меафзояд. Ҳаҷми буҷети давлатӣ тӯли солҳои 1997-2016 аз 109 млн.сомонӣ то 18450,2 млрд. сомонӣ расид. Босуръат афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети давлатӣ барои гузаштан ба буҷети иҷтимоӣ заминаи муфид фароҳам овард.

Дар тӯли 27 соли истиқлолият дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти  муҳими  дорои  аҳамияти давлатӣ, аз қабили  неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» фурудгоҳи  байналмилалии  шаҳри  Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб,  кони гази  Хоҷасартез,  таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа —  Данғара-Кӯлоб, Кӯлоб — Қалъаи-Хумб — Мурғоб-Кулма, шоҳроҳи Қароқурум — Шкев-Зиғар, Шоғун – Зиғар, марҳилаи 1 ва 2,  Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2),  хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақби  мошингарди   “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар-шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург  ба истифода дода шуданд. Инчунин  сохтмони НБО “Роғун” ва дигар  иншооти  муҳими  давлатӣ босуръат идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки рушди иқтисодӣ ва саноаткунонии Тоҷикистон дорои заминаи маҷмуан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ба соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла, металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ  тааллуқ дорад. Имрӯзҳо он на танҳо бозори дохилӣ,  балки бозорҳои минтақа ва ҷаҳонро таъмин месозад.

Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон дар зарфи 27 соли истиқлолияти давлатдории худ бо сарварии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ, роҳ ва ояндаи дурахшони худро муайян намуд ва мардуми меҳнатдӯсти кишварамонро зарур аст, ки бо мақсади ноил шудан ба ояндаи нек ва сатҳи зиндагии сифатан нав  кӯшиш ба харҷ дода, ба ҳадафҳои неки худ бирасанд.

                            Шукрулло ХАЙРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ шумораи муассисаҳои соҳаи маориф меафзояд
Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад
Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Рашт кӯпруки мошингард ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 1 километр роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ гардид