Шукрулло Хайрзода: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон дар кадом ҳолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Оғози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборизаҳои сиёсӣ фаро гирифтанд, ки он дар натиҷа ба ҷанги дохилӣ мубаддал гардид. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва тақдири ояндаи миллату давлат муайян шуд. Маҳз ин Иҷлосия ба худ номи тақдирсоз гирифт ва ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошт.
Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душвориҳо ва озмоишҳои азим вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ аз як тараф ва муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи дигар дучор омад. Махсусан ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёт зарари азим расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар давраи аз соли 1991 то соли 1996 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфт. Дар ин давра истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 52,8% кам гардида, таназзул дар истеҳсолоти саноатӣ 65,8%-ро ташкил дод.
Пойдорӣ ва устувории ҳукумати сиёсии қонунӣ ва дарки ба ваҳдат расидани ҷамъият омили муҳими боздошти харобшавии иқтисодӣ буд, вагарна ин хисорот аз ин ҳам бештар буда метавонист.
Дар марҳилаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз ӯ тавонист марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намояд. Дар ин давра афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,3-10,6%-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии он аз 518,4 млн.сомонии соли 1997 то ба 54471,1млрд. сомонии соли 2016 расид, яъне он ҳамасола ба андозаи 7 фоиз меафзояд. Ҳаҷми буҷети давлатӣ тӯли солҳои 1997-2016 аз 109 млн.сомонӣ то 18450,2 млрд. сомонӣ расид. Босуръат афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети давлатӣ барои гузаштан ба буҷети иҷтимоӣ заминаи муфид фароҳам овард.
Дар тӯли 27 соли истиқлолият дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дорои аҳамияти давлатӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, кони гази Хоҷасартез, таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа — Данғара-Кӯлоб, Кӯлоб — Қалъаи-Хумб — Мурғоб-Кулма, шоҳроҳи Қароқурум — Шкев-Зиғар, Шоғун – Зиғар, марҳилаи 1 ва 2, Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар-шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд. Инчунин сохтмони НБО “Роғун” ва дигар иншооти муҳими давлатӣ босуръат идома дорад.
Бояд зикр намуд, ки рушди иқтисодӣ ва саноаткунонии Тоҷикистон дорои заминаи маҷмуан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ба соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла, металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ дорад. Имрӯзҳо он на танҳо бозори дохилӣ, балки бозорҳои минтақа ва ҷаҳонро таъмин месозад.
Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон дар зарфи 27 соли истиқлолияти давлатдории худ бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ, роҳ ва ояндаи дурахшони худро муайян намуд ва мардуми меҳнатдӯсти кишварамонро зарур аст, ки бо мақсади ноил шудан ба ояндаи нек ва сатҳи зиндагии сифатан нав кӯшиш ба харҷ дода, ба ҳадафҳои неки худ бирасанд.
Шукрулло ХАЙРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия






