СОҲИБИСТИҚЛОЛЕМУ СОҲИБВАТАН! 16 синфхонаи иловагӣ-туҳфаи идона ба хонандагони мактабҳои Сангвор

Сентябрь 8, 2018 11:36

САНГВОР, 08.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дар назди 8 муассисаи таълимии ноҳия 16 адад  синфхонаҳои иловагӣ бо 250 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Сангвор, дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби саҳми  волидайни хонандагону соҳибкорон ва буҷаи ноҳия зиёда аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Инчунин ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон дар  5 ҷамоати деҳот сохтмони 5 варзишгоҳи замонавӣ, ҳаммом,  сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн барои бонувон  оғоз гардид, ки дар оянда  мавриди баҳрабардории сокинон қарор мегиранд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода гуфт, ки давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ сокинони ноҳияи Сангвор  ба бисёр пешравиҳо ноил гардиданд ва имрӯз маркази ноҳия  симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо  зеботару дилкаштар мегарданд.  Дар   27 соли Истиқлолият зиёда аз 100 километр  хатҳои оби нӯшокӣ дар  15 деҳаи ҷамоатҳои деҳот, 10  канали обёрикунанда, 22 пули мошингузар, зиёда аз 22 пули  пиёдагузар дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор ва Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки самараи истиқлолият мебошанд.

Мудири маорифи ноҳия Нуриддин Таваккалов иброз дошт, ки дар ноҳияи Сангвор то соли 1992 ҳамагӣ 26 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт.

Тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, дар замони Истиқлолият шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзуда, дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолӣ сохтмони 46 бинои муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуда, хонандагон аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд.

Дар ин давра аксарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба миёна табдил дода шуданд, ки мақсад аз ин иқдом пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони деҳаҳои дурдаст мебошад.

 

Сентябрь 8, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд