Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 80 дар ноҳияи Ёвон

Сентябрь 6, 2018 12:26

06.09.2018, ноҳияи Ёвон

Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ёвон!
Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатӣ боз як муассисаи замонавии таълимӣ — мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ифтитоҳ гардид.

Кулли сокинони сарбаланду ободкори ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва ба фаъолият оғоз кардани ин боргоҳи маърифат самимона табрик мегӯям.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад.

Яъне истиқлолият ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳои зиндагиамон, боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони биҳишосоямон ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои сокинони кишвари азизамон содиқона заҳмат кашем.

Мо, ҳамчунин, дар ин ҷода бояд сарҷамъу муттаҳид бошем ва дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва амнияти ҷомеа зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

Имрӯз ман ифтихор мекунам, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ин дастоварди бузургтарини халқамон — истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ медоранд ва аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат самимона ҷонибдорӣ менамоянд.

Моҳи декабри соли 2017 фармони Президент «Дар бораи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз қабули он вусъат додани раванди созандагиву бунёдкорӣ дар саросари кишвар мебошад.

Хушбахтона, имрӯз мушоҳида мегардад, ки ин иқдом мардуми Тоҷикистонро ба корҳои ободкориву созандагӣ ва дигар амалҳои хайр сафарбар намудааст.

Ҳоло ҳамаи гӯшаву канораҳои Ватани азизамон ба корзори заҳмати созандагиву ободгарона табдил ёфта, ҷомеаи моро боз ҳам сарҷамъу муттаҳид кардааст.

Тайи солҳои охир дар ноҳияи Ёвон низ корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо карда, дар баробари мақомоти давлатӣ, инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ барои ободии ҳар як кӯчаву маҳалли зист ва шаҳраку деҳоти он камари ҳиммат баста, дар ин кори хайр саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари корхонаи «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ, ки сохтмони он соли 2016 оғоз ёфта буд, барои 1500 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар муддати дуюним сол бо харҷи 24 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Мактаби навбунёд дар сатҳи баланди меъморӣ қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ин соҳибкори бонангу номус ва ҳамаи меъморону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр саҳм гирифтаанд, миннатдорӣ баён мекунам.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кумитаҳои падару модарон сохтмони 60 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 15 синфхона ва як китобхона мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло 45 синфхонаи иловагӣ ва як толори варзишӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 66 бинои нави таълимӣ барои 48 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар давоми панҷ сол сохтмони боз панҷ муассисаи нави таълимӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 12 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст.

Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ иҷрои саривақтии барномаи зикршударо таъмин намояд.

Бо мақсади таъмини ояндаи босаодати кишвар ва рушди бомароми ҷомеа мо минбаъд низ ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунем ва онро пайваста дастгирӣ менамоем.

Дар баробари ин, бовар дорам, ки кормандони соҳаи маориф ҳамчун қишри огоҳу донишманд ва пешсафи ҷомеа минбаъд низ рисолати муқаддаси хешро дар роҳи тарбияи насли ояндасози миллат содиқона иҷро мекунанд.

Бинобар ин, аҳли маорифи ноҳия, аз ҷумла омӯзгорону устодони мактаби навбунёди имрӯзаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба камол расонидани кадрҳои лаёқатманд кӯшиши бештар кунанд.

Итминони комил дорам, ки аҳли маорифи ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа содиқона заҳмат мекашанд, шогирдони арзанда, худшиносу худогоҳ, созандаву бунёдкор ва муҳимтар аз ҳама, насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарбия менамоянд.

Шумо – фарзандони азиз, шогирдони ин мактаби замонавиро даъват менамоям, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед ва дар оянда ҳамчун фарзандони сарбаланди кишвар барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат кунед.

Бори дигар сокинони заҳматпешаву ҳимматбаланд ва меҳмондӯсти ноҳияи Ёвон, инчунин, кулли устодону шогирдони мактаби навбунёдро ба ифтихори ҷашни истиқлолу озодии Ватан ва ифтитоҳи боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Сентябрь 6, 2018 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд