Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
12.09.2018, ноҳияи Роштқалъа
Ҳамватанони гиромӣ!
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва аз файзу баракати суботи комили сиёсӣ рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъмин гардида, дар ҳар як гӯшаву канори Ватани маҳбубамон корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат гирифта истодаанд.
Хусусан, солҳои охир тавассути дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, саъю талоши аҳлонаи сокинони кишварамон ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорони бонангу номус дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи зебои Роштқалъа — зодгоҳи шоирони ширинкалом Мирсаид Миршакар, Ширин Бунёд ва дигар чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба мушоҳида мерасанд.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳия ва шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатӣ-дастоварди бузургу муқаддаси миллати бостониамон самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги мардуми ноҳия барои заҳмати софдилона изҳори сипос менамоям.
Тайи даҳ соли охир дар ҳудуди ноҳия даҳҳо иншооти муҳим, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, пулу хатҳои оби нӯшокӣ, қасри фарҳанг, меҳмонхона, манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Дар ин муддат барои иҷрои корҳои созандагӣ ва дастгирии буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 155 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Илова бар ин, дар се соли оянда барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ноҳия ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии он равона кардани боз зиёда аз 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 142 лоиҳа ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз маблағи умумии барнома 83 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва беш аз 156 миллион сомонӣ барои рушди инфрасохтор равона гардидааст. Вале бояд гуфт, ки дар дуюним соли татбиқи барнома ҳамагӣ 9 фоизи он амалӣ шуда, 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Илова бар ин, бо сабабҳои гуногун дар 42 иншоот корҳои сохтмон тибқи барномаи пешбинишуда то ҳанӯз оғоз нагардидаанд.
Чунин вазъ бисёр нигаронкунанда мебошад ва роҳбарони вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ кардани барномаи зикршуда тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Тавре ки мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди иншооти муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.
Аз ҷумла дар соли 2017 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, дар ҳаҷми қариб 16 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2016 қариб ду баробар зиёд мебошанд.
Дар ин раванд, Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо харҷи 14 миллион сомонӣ дар муддати 4 сол азнавсозӣ гардид.
Дар ин муассисаи тиббӣ, ки аз се қисмат иборат мебошад, тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти навтарини ташхису табобат муҳайё карда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди он, ки дар ноҳияи Роштқалъа барои рушди саноат, алалхусус, коркарди сангҳои гуногун, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди мева, гиёҳҳои шифобахш ва дигар навъҳои ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуданд, вале онҳо то ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.
Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми панҷ соли охир қариб тағйир наёфтааст ва дар соли 2017 ба маблағи ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Вазъият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ бетағйир монда, дар ин давра ягон корхона ё коргоҳи нави истеҳсолӣ ба кор андохта нашудааст, ки боиси ташвиш мебошад.
Коргоҳи дӯзандагие, ки соли 2010 дар ноҳия аз ҷониби Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии Тоҷик” ифтитоҳ шуда буд, ҳоло бо сабаби он, ки таҷҳизоти кӯҳнаи истеъмолкунандаи нерӯи зиёди барқ дар он насб шудаасту маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда наметавонад, дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дорад.
Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби соҳибкорон ҳарчи зудтар масъалаи бо технологияҳои муосир таҷҳизонидан ва ба роҳ мондани фаъолияти самараноки коргоҳи зикршударо ҳал намуда, доир ба бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти ҷамъоварӣ кардану ба фурӯш баровардани гиёҳҳои шифобахш ва таъсиси корхонаҳои хурди дорусозӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Шароити табиӣ, иқлими мусоид ва обҳои шифобахши ноҳия барои рушди сайёҳӣ имконияти беҳтаринро фароҳам овардаанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорон ба масъалаи бунёди истироҳатгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ эътибори махсус дода шавад.
Бо мақсади осон гардонидани рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофирон ҳар сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳои ноҳия, аз ҷумла роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Чавшангоз маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Вале таъкид месозам, ки сифати корҳои таъмиру азнавсозӣ ва муҳлати иҷрои онҳо қонеъкунанда нестанд.
Бинобар ин, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки иҷрои босифати корҳои тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Чавшангозро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои суръат бахшидани кор дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба ноҳия ба Вазорати нақлиёт ва роҳбарони ноҳияву вилоят доир ба азнавсозӣ кардани қитъаи хатарноку серсадамаи роҳи мошингард дар километри 71-74-и мавзеи Сежд супориш дода будам.
Вале қитъаи мазкур то ҳол азнавсозӣ нашудааст ва мусофирону воситаҳои нақлиёт, хусусан, дар фасли зимистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
Роҳбарони Вазорати нақлиёт ва ноҳияву вилоят вазифадор карда мешаванд, ки сабабҳои иҷро нашудани супориши додашударо ҳамаҷониба таҳлил намоянд ва корҳои азнавсозиро дар ин қитъаи роҳ ҳарчи зудтар оғоз карда, оид ба корҳои амалигардида то охири сол ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумот пешниҳод созанд.
Кишоварзӣ дар шароити кӯҳистон соҳаи муҳимми шуғли аҳолӣ ба ҳисоб рафта, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои саноати коркард аз пешрафти он вобастагии калон дорад.
Дар ноҳияи Роштқалъа соли гузашта ба маблағи 82 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши он дар се соли охир 20 фоизро ташкил намудааст.
Аммо ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, чунки дар ноҳия барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имконияту захираҳои зиёд мавҷуданд.
Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Роштқалъа бояд дар масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва зиёд намудани майдони боғҳо, инчунин, зиёд кардани саршумори чорво ва захира намудани хӯроки чорво тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дӯстони азиз!
Рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷавонон, таҳкиму тақвияти мақоми занон дар ҷомеа ва пешбурди сиёсати оқилона дар самти эҳё, нигоҳдорӣ ва густариши фарҳанги деринаву рангоранги миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, роҳбарону фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар доираи амалисозии талаботи қонунҳои миллиамон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас, инчунин, барои аз байн бурдани исрофкориҳои беҳуда эътибори махсус диҳанд.
Таҳаввулоти замони муосир тақозо менамояд, ки падару модарон ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҳамчун сармояи асосии миллат ва насли созандаи ояндаи давлат муносибат намоянд ва саъю талоши худро ба он равона созанд, ки фарзандони мо чун насли соҳибмаърифату донишманд, ватандӯсту ватанпарвар ва муаррификунандаи миллати тамаддунсози тоҷик ба камол расанд.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамонро дар оянда фарзандони донишманду соҳибтаҷриба ва кадрҳои баландихтисос обод месозанду соҳибӣ мекунанд.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд дар самти иҷрои нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба муносибати сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Итминон дорам, ки сокинони ҳимматбаланди ноҳияи Роштқалъа ва ҳар як фарди бонангу номуси он барои ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ, таъмиру тармим ва бунёд намудани иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, дар ҷодаи амалӣ гардонидани нақшаву ниятҳои Ҳукумати мамлакат саҳми аарзишманди хешро мегузоранд.
Дар роҳи пуршарафи ободонии Ватани маҳбубамон ба ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Роштқалъа хонаи обод, иқболи баланд, баракати рӯзгор ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!