«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон китоби нави Пешвои миллат аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Ганҷ» китоби нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Уфуқҳои истиқлол» аз чоп баромад.
Дар сарсухан, панҷ боб ва охирсухани ин китоби арзишманд Пешвои миллат роҷеъ ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати милливу суботи иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ назари худро баён намудаанд.
Арзишу моҳияти Истиқлолияти давлатиро дар сарнавишти миллати тоҷик ба мулоҳиза гирифта, Пешвои миллат дар боби якуми китоби хеш махсус ёдовар мешаванд, ки «муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Дар идомаи ин андешаи худ таъкид менамоянд, ки «Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд».
Боби дуюми китоб ба рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он бахшида шуда, масъалаҳои марбут ба соҳибистиқлолӣ чун заминаи асосии ташаккул ва тараққии иқтисоди миллӣ, афзалиятҳои стратегии давлат, амалисозии сиёсати мустақили иқтисодӣ дар соҳаи буҷет ва андоз, муносибатҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои дигар, такмили низоми идораи рушди иқтисод, бахши хусусӣ, соҳаи саноат, сайёҳӣ, пешбурди сиёсати минтақавии кишварро фаро гирифта, таъкид гардидааст, ки «дар сиёсати иқтисодии Ҳукумат рушди соҳаи саноат самти пешбарандаи иқтисоди миллӣ эътироф шудааст».
Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ки дар боби сеюми китоб баррасӣ гардидааст, ба дастовардҳои соҳаи илм, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, инчунин масъалаҳои муҳоҷират ва танзими он бахшида шуда, тазаккур дода мешавад, ки «дар зарфи чоряк аср заминаи воқеӣ барои ташаккули сиёсати созандаи иҷтимоие, ки инсонро дар маркази диққат қарор медиҳад, ба вуҷуд оварда шудааст. Натиҷаи ин кӯшишҳо ба таври возеҳу равшан дар бисёре аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва шароити иҷтимоии барои ҳар як фарди ҷомеа фароҳамоварда ба назар мерасад».
Масоили марбут ба ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, идораи давлатӣ, мақоми ҷавонону занон дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон ва танзими оқилонаи анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди воситаҳои ахбори омма, таъмини амнияти миллӣ чун ҳадафи асосии давлату миллат дар боби чаҳоруми китоб мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Аҳаммияти ҳамаи ин самтҳо ҳамчун меҳвари сиёсати дохилии давлат эътироф гардида, фарҳанги миллӣ – асоси давлатсозӣ, соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи маънавии ҷомеа дониста шудааст.
Дар боби панҷуми китоб масъалаҳои алоқаманд ба манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъйид гардидааст, ки «ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон, кӯшишҳои пайгирона барои дарёфти ризоияту манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» мебошад.
Дар охирсухан, ки «Нигоҳе ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ном дорад, муҳтавои китоб бори дигар хулосаву натиҷагирӣ шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки «ҳифзи истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил дода, таҳкими иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯйи Ватани маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд».
Китоби нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Уфуқҳои истиқлол» барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардида, армуғони хубу арзишманд ба шарафи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






