Ваҳдат: соли равон кишоварзон 21027 тонна ғалладона ва 33706 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намудаанд

Сентябрь 22, 2018 09:57

ВАҲДАТ, 22.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ваҳдат  то имрӯз аз  майдони 6459 гектар  21027 тонна ғалладона  ҷамъоварӣ намуданд, ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401 тонна   зиёд  мебошад.

Тавре  сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат  Зафар Искандаров дар суҳбат  ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар»   иброз намуд,  соли  равон деҳконон   нашъунамои сабзавот ва картошкаро  хуб ба роҳ монда,  то имрӯз  аз майдони 616 гектар 10035 тонна картошка ва аз 2854 гектар 33706 тонна сабзавот  ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин  аз мувафақияти деҳқонон дарак  медиҳад.

Бояд зикр кард, ки барои  боғдорони  шаҳри Ваҳдат низ соли равон  бобарор омад. Онҳо барои ҳифзи боғҳо  аз ҳашароти зараррасон ва пурсамар гардидани боғзорон  аз тамоми имкониятҳои мавҷуда  истифода  бурданд.

Боиси хушҳолист, ки заҳматҳои шабонарӯзии онҳо   натиҷаи нек ба бор оварда,   хоҷагидорон ба  гирифтани ҳосили баланд ноил гардиданд.   Онҳо  то  имрӯз 3866 тонна мева ва 2014 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.

 

Сентябрь 22, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ