ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Сентябрь 4, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 04.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз  чунин ҳолатҳоро  барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

 

Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ бо табар

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 27 августи соли равон, тахминан соати 20:00 дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Иқбол дар ҳолати мастӣ қарор доштан бо марди 48-солаи ҳамдеҳааш ҷанҷол карда, 1 маротиба бо табар ба сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Садамаи марговар дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Пайкар»

1 сентябри соли равон, тахминан соати 00:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Бедилов Хуҷа Мирзоодилович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Истаравшан ба самти кӯчаи Бухорои пойтахт, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Пайкар» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Талбов Раҳмдил Алибоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин Хайруллоев Иззатулло Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

 

Сентябрь 4, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ