ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз чунин ҳолатҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Лату кӯб ва ғоратгарӣ
Ба шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Шаҳло Бобораҷабова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум дар он хусус ворид гардид, ки 3 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 5.30 дар кӯчаи Назаршоев шаҳрванд Алишерзода Умеди Алишер, соли таваллудаш 1996, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ мошини шахсиаш- тамғаи «Лексус-350» -ро рабудааст.
Бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур гумонбар дастгир гардид.
Қасдан расонидани зарари вазнин аз ҷониби ноболиғ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 9 сентябри соли равон, тахминан соати 21:30, ҳангоми дар маъракаи тӯйи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқиша бо ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия ҷанҷол карда, бо корд якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дастгир гардидани қотилон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрвандон марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 281 ва 331 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, аз ҳудуди ноҳияи Варзоб бо ҷурми одамкушӣ дастгир карда шуданд. Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ 23 марти соли 2016 дар шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони ФР бо истифода аз яроқи оташфишони таппончаи «Макаров» ба қафаси синаи ду марди 40-солаи сокинони шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистон 3 маротиба тир холӣ намудаанд.
Дар натиҷа як нафари онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нафари дуюм ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда мешавад.
Кирдори содиркардаи онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиноят эътироф карда, нисбат ба онҳо аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






