АКНУН БА АФРИҚО МЕРАВЕМ! Бозиҳои навбатии олимпии наврасон-2022 дар Сенегал баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои IV тобистонаи олимпии наврасон дар кишвари африқоии Сенегал баргузор хоҳанд шуд. Тасмими мазкур дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос-Айрес гирифта шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ин аввалин бозиҳои олимпӣ хоҳад буд, ки дар Африқо мегузаранд. Ҷумҳурии Сенегал, ки дар ғарби қитъаи Африқо ҷойгир шудааст, аз соли 1960 ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви СММ мебошад ва яке аз кишварҳои муътадил рушдёбандаи қораи мазкур ба ҳисоб меравад.
Аҳолии Сенегал беш аз 10 миллион нафарро ташкил имедиҳад, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд ва варзишро дӯст медоранд. Тавре медонем, пойтахти ин кишвар бо автомарафони «Ралли: Париж-Дакар» машҳур аст. Ин пойгаи автомобилиро нахустин бор мотосиклрони фаронсавӣ Тйерри Сабин таъсис дода буд ва он аз соли 1978 инҷониб ҳар сол доир карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои олимпии наврасон дар рушди варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар мусоидат хоҳанд кард. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар ҷаласаи Буэнос — Айрес гуфт: «Африқо барои баргузории Бозиҳои олимпии наврасон-2022 сари Сенегал қарор гирифт. Бо аҳолии ҷавон ва таваҷҷуҳ ба варзиш навбат ба Африқо, навбат ба Сенегал расид».
Мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон дар се шаҳр хоҳанд гузашт: шаҳри таърихии Дакар, шаҳри муосири Диамянио ва шаҳри соҳилии Сали.
Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар доираи Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина, ки аз 6 то 18 октябр ҷараён мегиранд, баргузор шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






