«ТИЛЛОИ САФЕД» — БА ВАТАН. Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи меҳнатии ҷамъоварии пахта қадршиносӣ гардиданд

Октябрь 20, 2018 16:04

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз  дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази маъмурии вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он  ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта мукофотҳо тақдим  карда шуданд.

Дар ин ҷамъомад, ки бо ҳузури фаъолон, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Баъди сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят қироат карда шуд. Тибқи қарори мазкур дар 20-рӯзаи дуюми пахтачинӣ ноҳияи Ашт ҷойи аввал ва ноҳияи Зафаробод ҷои дуюмро ишғол карданд.

Дар 20-рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ пахтакорони ноҳияи Ашт наздик 5 ҳазор тонна ва кишоварзони ноҳияи Зафаробод 8600 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуда, ба чинакчиёни беҳтарин низ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Ҳамзамон ба шарафи ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Парчами шараф» барафрохта шуд.

Октябрь 20, 2018 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд