«АЗ БОЗИИ БАЧАҲО ҚАНОАТМАНДАМ!». Чунин иброз намуд Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол
ДУШАНБЕ,01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди ғалаба дар бозии 1/4-ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол бар дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 4:2 (1:1) , ки дастаи мунтахаби мамлакатро ба бозиҳои нимниҳоии Чемпионати Осиё ва ҳамчунин ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 баровард, дар нишасти матбуотӣ қаноатмандии худро аз бозии дастпарваронаш чунин баён кард:
«Ман футболбозонро бо ин ғалабаашон табрик мегӯям. Мо вазифаи дар наздамон гузоштаро бо сари баланд иҷро кардем ва ба Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу мегузарад, роҳхат гирифтем. Баъди ғалаба мо аз Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотӣ гирифтем. Дар Тоҷикистон ҳама аз ғалабаи мо шоду масруранд. Даҳсолаҳо мо чунин дастовардро интизор будем. Ман аз ҳунарнамоии бачаҳо қаноатмандам. Вазифаи дар қисми аввал ба дарвозаи ҳариф тӯб заданро бо сари баданд иҷро кардем. Аммо ин пешсафиро то ба анҷом нигоҳ дошта натавонистем. Онҳо дар натиҷа баъди силсилаи зарбаҳои 11-метра ба ғалаба комёб гардиданд».
Сармураббии дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ Пак Ҷон Чол аз шикасти дастаи мунтахаби кишвараш дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон таасуф хӯрда гуфт:
«Мо ба ғалаба наздик будем, аммо афсӯс мехурам, ки он насиби мо нагардид. Гумон доштем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз аксулҳуҷумҳо истифода мебарад, аммо хато кардем. Акнун мо ба Чемпионатҳои ҷаҳони оянда тайёрӣ мебинем».
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дирӯз дар бозии ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё бо ҳам во хӯрда, натиҷаи баробарии 1:1-ро сазовор гаштанд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ Тоҷкистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






