АЗ ИМРӮЗИ ГУЛАФШОН-БА ФАРДОИ ДУРАХШОН. Имрӯз-Рӯзи навиштани нома ба ояндагон

Октябрь 19, 2018 14:26

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи навиштани нома ба ояндагон 19 октябр  ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Дар кишвари мо ҳам анъанаи неке роиҷ аст- дар ҳар куҷое, ки санги асоси  иншоот  ва ё сохтмони бузург ниҳода мешавад, дар он нома ба ояндагон  гузошта мешавад. Борҳо дидаем, ки чӣ гуна Пешвои миллати тоҷикон ин номаро бо дастони мубораки худ бо лифофаи махсус, ки бегазанд аз барфу борону дигар зуҳурот хоҳад буд, дар зери санги асос мегузоранд. Ин маънои онро дорад, ки мо оянда месозем, ояндаи хурраму зебо, ояндаи умедбахш, яъне ояндаи мамлакат ва фарзандонамонро. Ин маънои онро дорад, ки мо барои оянда зиндагӣ мекунем ва аз оянда умедҳо дорем, ҳадафҳоямон нек, нияту диламон соф аст.

Барои инсоният гузашта ва имрӯз бояд пойгоҳи мустаҳкаме бошанд, ки дар онҳо ояндаи пур аз умеду ормонҳои худро бисозад. Гузашта ба инсон сабақ, таҷриба ва заминаҳоеро медиҳад, ки бе он наметавон имрӯзро сохт ва мо пояҳои мустаҳками зиндагии имрӯзамонро бунёд мекунем, то ки бунёди фардоямонро бигузорем. Бале, инсон ҳамеша бо умеди оянда зинда аст ва агар умеди оянда набошад, гумон аст, ки бо дили пур ва бовару эътимоду эътиқод зиндагӣ ба  сар барад. Ҳамин умеди оянда ҳадафи волоест, ки зиндагии моро таҳрик медиҳад, мазмуну маъно мебахшад ва ширину гуворо мегардонад. Зеро инсон ҳадафҳои бузурги худ, мақсаду нияту орзуву ормони худро танҳо ба умеди оянда парвариш медиҳад. Ояндаи худ, фарзандон ва фарзандони фарзандонаш. Агар оянда нест, умеди оянда нест, мо бе ҳадаф, бе мақсад, бе орзу мемонем. Он чӣ дунёро поянда медорад, ҳамин маҳак аст, ки дар бунёди инсонҳо дурахшон аст. Аз ин рӯ гуфтаанд:

                            Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

                            Зиндагиро орзу ширин намуд.

Инак мактуб ба оянда аз номи як нафар инсон, шоир ва шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоли мо.

МАКТУБ БА ОЯНДАГОН

 Аё  ояндагони азиз! Аввалин ҳарфе, ки мехоҳам бигӯям, ин аст, ки оянда аз имрӯз оғоз меёбад. Мо имрӯзро бунёд ниҳодаем, ки ояндаи шумо дурахшон бошад, чуноне ки гузаштагон ба хотири имрӯзи мову шумо кору пайкор ва ҳатто ҷоннисориҳо кардаанд. Ман мехоҳам  ин нома ба ояндагонро ҷавонону наврасони имрӯза, ки оянда аз онҳо хоҳад буд, бихонанд. Донанд, ки ин сарзамине, ки дар он зиндагӣ мекунанд ва ин кишваре, ки соҳиби он ҳастанд, аз куҷост, чӣ гузашта дошт, ба чӣ қимате сохтаву бунёд гардидааст. Зеро инсон то гузаштаи худро нашиносад, наметавонад худро шиносад. Роҳи мо ба комёбиҳо, ба зиндагии арзандаву хушбахтонае, ки умедашро аз фардо дорем, танҳо аз ҳамин ҷодаи худшиносиҳои миллӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ мо бояд сараввал таърихи қадимаи худ ва бузургони таърихи худро шиносему бидонем ва қадр кунем. Зеро дар осори онҳо дастовардҳои таърихиву миллии мо таҷассум ёфтаанд. Сабақҳое аз ин таърих бигирем ва роҳнамои имрӯзу фардои худ бисозем, зеро касе ки худро нашинохт, наметавонад дунё ва муқаддасоти худро бишиносад.

Дур намеравем, ҳамин наврасон ва ҷавононе, ки  имрӯз ба мактабҳову донишгоҳҳо мераванд, оё хабар доранд, ки ҳамагӣ бисту чанд сол пеш чӣ рӯзгореро падаронашон аз сар гузарониданд, зеро, хушбахтона, онҳо ҷанги нангини бародаркушро надиданд. Надиданд, ки чӣ гуна падару модарон аз ин сарзамини сабзу хуррам тарки диёр карданд, надиданд, ки чӣ гуна хуни ҳамдиёрони бегуноҳашон рехта шуд ва бисёр ҳодисаҳои мудҳиши дигарро надиданд. Аммо барои он ки он бадбахтиҳо такрор нашаванд, онҳоро бояд дар ёд дошт. Шарт нест, ки ҳама таърихи дирӯзу имрӯзро ман ба шумо  ҳикоят кунам, ин вақти тӯлониро мегирад ва шумо онро метавонед аз китобҳову матбуот бихонед. Муҳимаш ин аст,  ки шумо ин масъулиятро дарк кунеду онро биомӯзед. Дарк ва эҳсос кунед, ки шумо фарзанди ҷигарбанди ин халқу ин сарзамин ҳастед.

Аввалин чизе, ки шумо бояд бидонед, ин аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар таърих бо сиришти нек, хайрхоҳӣ, донишу фарҳанг ва забону адаби оламгир ном баровардааст. Шумо бояд бидонед, ки мо миллати фазлу одоб, оину суннатҳои баланди инсонӣ ҳастем, ба кишваре ҳуҷум наовардаем, халқеро тороҷ накардаем, балки ба ҳар ҷо, ки рафтаем, илму маърифат, ҳунару санъат, шеъру суруд армуғон  бурдаем.

Шумо бояд бидонед, ки ҳар чӣ мо дар таърихамон бохтаем: дороиҳои хазинаҳо, марзҳо ва шаҳрҳои бостониро, на аз он ки тарсу будаем, на аз он ки ба ҳимояи ватанамон ҷоннисорона нахестаем, на, балки аз он будааст, ки аз хайрхоҳиву содагӣ ва ростиямон ҳар кас ба сари худ, яъне парешону нотифоқ будаем; бо ҳам набудаем ва аз як гиребон сар набаровардаем ва душман моро ҳамеша дар ғафлат гирифтаву аз парешонии мо истифода бурда, тороҷу абгор намудааст. Ва бесабаб нест, ки аввалин иқдоми Сарвари давлати мо дар ҷодаҳои бунёди Истиқлолияти давлатӣ ҳаракати ваҳдати миллӣ, мубориза бар муқобили маризи маҳалгароӣ дар кишварамон  будааст ва имрӯз ба шарофати ин ваҳдат, ин ягонагӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ таҳти сарварии Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба пирӯзиҳои намоёне ноил гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки инро гузаштагони мо орзу мекарданд.

Аё ояндагони азиз! Шумо ҳама вақт сарфарозу хушбахт хоҳед буд, агар аз як гиребон сар бароред, ҳамдигарро дӯст доред, муттакои ҳамдигар бошед. Шумо ҳамеша хушбахт хоҳед буд, агар ватани муқаддаси худро дӯст доред, арҷи баланд ба муқаддасоташ бигузоред ва ҳамеша дар дифояш чун дар дифои модар омода бошед.

Аё  ояндагони азиз! Гузаштаи  миллату меҳани худро ҳаргиз аз ёд мабаред, ки ҳамеша сабақомӯзи шумо хоҳад буд. Миллати мо миллати оинҳои неки ҷавонмардист, миллати суннатҳои неки инсонӣ, миллати ҷашнҳои башардӯстонаи Наврӯз, Меҳргон, Сада, ки ҳар яке ҷашни нуру рӯшноӣ, хайру баракат ва одобу фазилату ҳунару санъат мебошанд ва инро ҳаргиз аз ёд набояд бурд.

Аммо, эй ояндагои азиз, набояд мо ҳамеша гирифтори дирӯзи худ бошем. Ҳамеша имрӯз беҳ зи дирӯз аст. Барои он ки дирӯз гузаштааст, вале имрӯз бо мост. Ва мо ҳанӯз метавонем коре бикунем, ки фардоямон беҳтар аз имрӯзамон бошад. Аммо гузаштаро набояд аз ёд бурд, зеро бе сабақи гузашта мо наметавонем ояндаи сазовор бунёд намоем.

Аё инсони оянда! Шояд мо ҳамдигарро намешиносем, аммо мо бо ту як умумият, балки чандин умумият дорем. Аввал ин ки мову ту дар як сарзамин зиндагӣ мекунем. Ҳамин замин, ҳамин офтоб, ҳамин обу ҳаво ҳам аз ман асту ҳам аз туст. Мо баробар манфиатдорем, ки ин замин обод ва ин ҳаво беғубор ва ин об тоза бошад, барои ман барои ту барои ояндагон, яъне фарзандони ту.

Аё ояндагони азиз! Ҳар яки шумо бояд бидонад, ки танҳо инсони худогоҳ, эътимодманд ба худ, эътиқодманд ба адолату ҳақиқат, инсони бунёдкор, заҳматкаш, дорои сиришти нек, инсондӯсту некбину хайрхоҳ метавонад ба муроди дил бирасад.

Аё, ояндагони азиз! Сарчашмаи ҳама хушбахтиҳо хубӣ, ҷавонмардӣ, шуҷоат, бовар, ҷасорат ва муҳаббат аст. Муҳаббат аст, ки  муҳити шумо, рӯзгори шуморо покиза, беғубор ва вуҷуди шуморо мубарро ва имрӯзу ояндаатонро равшану мунаввар медорад.

Ояндагони азиз! Мо умедворем, ки қадами шумо ба хосият хоҳад буд ва нуру файзу баракат ба ин сарзамини куҳанбунёду фарҳангсолор, сарзамини нобиғагони ҷаҳонӣ, родмардони шариф, ба Тоҷикистони биҳиштосо  шукуфону файзбор, ба халқи он, ки бо ҳама гарониҳову бадбахтиҳои ба  сараш омада асолати миллии худро мардона ҳифз доштаасту сазовор аст, хоҳад овард.

Шод бошеду пирӯз!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
Ходими адабии АМИТ «Ховар»

                АЁ, ОЯНДАИ ЗЕБО!

Аё, ояндаи зебо!

Ки бе ман хони неъматҳои худро

боз хоҳӣ кард,

Туро ман мешиносам хуб,

Ҳама вайронаҳои зиндагиро соз хоҳӣ кард.

Туро  бишнидаам дар  хандаҳои кӯдакони давр,

Туро ман дидаам дар чашмҳои он ҷавонмардон,

Ки баҳри ҳифзи ҷони ин замин рафтанд.

Ту аз хишти ниҳоди одамӣ бунёд хоҳӣ гашт,

Ту аз ашку зи хуни синаҳо обод  хоҳӣ гашт.

Аё, ояндаи зебо!

Туро ман мешиносам хуб.

Ва ҳоло дар куҷоӣ, нағз медонам,

Ту дар моӣ!

Ту ҳоло дар замини ақлу мулки дил шукуфонӣ,

Ту ҳоло дар парешонии ҳоли мо парешонӣ.

Ту меоӣ,

меоӣ…

Валекин ман намемирам.

Ва мисли он ки ҳоло дар манӣ,

ман дар ту хоҳам буд,

Ва дар як пораи хурди ту, дар як зарраи хурди

ту хоҳам зиндагонӣ кард.

Ва андар навҷавонии ту монад навҷавониям,

Ва андар зиндагонии ту монад зиндагониям.

Соли 1975

БА ФАРЗАНДИ ОЯНДА

 Аз манзумаи «Чеҳраи бахт», соли 1981                 

Ман ба ёди ту басо гаҳвораҳо ҷунбондаам,

Аллаҳои модаронро кардам аз ёд.

Ҳамчу узве будаам пайванд умре бо замин

То ки аз хоки вуҷудам сар кашӣ озод.

 

Ман ба ёдат ошиқи тифлону дунё будаам,

Ошиқи имрўзу фардо будаам,

Мўсафедонро асои рўзи пирӣ гаштаам,

Чун дари шодӣ ба рўи одамон во будаам.

 

Ман ба ёдат хоки пои модаронро

Тўтиёи дидагонам кардаам,

Покрўиро зи шири модарон

Парчами умри ҷавонам кардаам.

 

То шавад шодоб нахли умри ту,

Аз дили худ рўдҳо сар додаам.

То ки ёбӣ ҷой дар дилҳои гарм,

Аз дилам раҳ то диле бикшодаам.

 

Орзуи будани ту зинда медорад маро,

Баски дар ман реша дорӣ ҳамчу уммеди замон:

Эҳтироми хешро дорам, ки ҳастӣ дар дилам,

Ҳамчу дар гаҳвора ёдат дар дилам ёбад амон.

 

Орзуи будани ту зинда медорад маро,

Бе туву бе ёди ту худро шуморам норасо.

Ман туро мехоҳам аз қисмат чу инъоми вафо,

Ман туро мехоҳам аз худ, аз муҳаббат, аз қазо.

***

Ман туро меофарам аз хештан

Аз ҳавас, аз ишқ аз имони худ,

Аз навои мурғакону хандаи хуршеди субҳ,

Аз замини поки гандумзори кўҳистони худ.

 

Пайкарат то бўи кўҳистон кунад,

Бўи гулҳои адирҳои баланд,

То ки ҳамчун кўҳҳои кишварат

Дар замин ёбӣ ту маъвои баланд.

 

Ман набудам дар ҳавои симу зар,

Давлати ман дўстонам будаанд,

Синаҳошонро ба рўям бедареғ

Чун дари ганҷинаҳо бикшудаанд.

 

Ман набудам дар ҳавои симу зар,

Давлати ман Тоҷикистони ман аст.

Бо тамоми ганҷи ҳусну ганҷи файз,

Ганҷи кўҳистонаш аз они ман аст.

 

Ман набудам дар ҳавои симу зар,

Нест, ганҷе беҳтар аз хоки Ватан,

Нест тиллое баробар дар баҳо

Бо ту, ишқи содиқу поки Ватан!

 

Ганҷи дунёро ба мисли чирки даст,

Рўди тунди зиндагӣ шўяд ба шаст,

Давлати дунё бувад нопойдор,

Қасри болоро барад сели баҳор.

 

Ҷуз дили мардум набошад дар ҷаҳон

Ҳеҷ қасре бегазанду устувор.

Ғайри меҳри одамон дар зиндагӣ

Нест ганҷе бебаҳову пойдор.

 

Хайрхоҳӣ бар ту мероси ман аст,

Давлати ман бар ту ихлоси ман аст.

Хоҳамат покии шири модарон

Бо ту бошад, то ту бошӣ дар амон.

 

Дар бисотам ҳар қадар некӣ бувад,

Ман аз он хоҳам туро бунёд кард.

Бо ту худро низ аз банди худӣ

Метавонам оқибат озод кард.

 

Ман туро аз меҳри халқу кишварам,

Аз нишоти одамон меофарам.

Чун суруди сулҳ, чун пайғоми нек

Бо адолат ҳамзабон меофарам.

 

Ман туро чун ҳомии сулҳу салоҳ,

Чун нигаҳдори ҷаҳон меофарам.

Ман туро аз орзуи қарнҳо

Чун амонии замон меофарам.

 

З-оташу боду зи обу аз замин,

Аз нишоту дардҳои одамин.

Ман туро меофарам аз ёдҳо,

Аз дуо, аз саҷда, аз фарёдҳо

***

Дар хаёлам мерасад овози ту,

Кўдаки ман, аз канори кўҳсор

Хандаҳоят − хандаҳои  обшор,

Гиряҳоят гиряи абри баҳор,

 

Гиряи абре, ки бо файзи баҳор

Аз замини сина мешўяд ғубор.

Бар замин бахшида ҷони тозае,

Медамад чун сабзаҳо аз кўҳсор.

 

Чун садои рўзи фардо мерасад

Бо насими навбаҳорон сози ту,

Боварӣ дорам ба фардое, ки он

Мешавад гулрез аз овози ту.

 

Бо ту садҳо мурда хоҳад зинда шуд,

Сад дари накшуда бо ту во шавад.

Роҳ ёбад бо ту садҳо роҳгум,

Бо ту садҳо кўрдил бино шавад.

 

Мерасиву мешавӣ аз ман баланд,

Дид хоҳӣ он чи чашми ман надид.

Ончи дасти ман бар он кўтоҳ буд,

Дасти ту рўзе бар он хоҳад расид.

 

Хонаи ман бо чароғи меҳри ту

Боз мемонад фурўзон баъди ман

Аз канорат бо дили пур меравам,

К-аз манат мерос мемонад Ватан.

***

Кўдаки ман, ҷони ҷони ман, биё,

Аз дари чашмат дари бахтам кушо,

Ханда кун, бо чеҳраи хандони худ

Чеҳраи бахти маро бо ман намо.

 

Бо худ овар навҷавонии маро,

Ҳадя овар ҷовидони маро.

Бо замину офтобу одамон

Дор умре ҳамзабонии маро.

 

То шавӣ фарзанди инсону замин,

Ҷони гармат то шавад ҷони замин,

То шавад имонат имони замин,

Ҳаст уммеди ман аз дунё  ҳамин.

 

Сарватам некист. ман дорам умед

Ту бар он некии худ зам мекунӣ,

Ту гунаҳҳои маро кам мекунӣ,

Дардҳоямро ту марҳам мекунӣ.

 

Чун кабўтар ёди ту дар синаам

Лона дорад – қосиди сулҳу салоҳ.

Ёди ту озода медорад маро

Ёди ту медорам эмин аз гуноҳ

 

Шеър мегўям агарчӣ бо умед

Беҳтарин шеъру китоби ман туӣ,

Қарздорам аз замину одамон,

Бар ҳама некӣ ҷавоби ман туӣ.

Соли 1981.

Октябрь 19, 2018 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид