«БА ҶОИ НАФРАТ ДАР ДИЛҲО МУҲАББАТ ПАРВАРЕД!». Дар Душанбе солгарди зодрӯзи Маҳатма Гандӣ ва Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ таҷлил гардид

Октябрь 2, 2018 17:24

ДУШАНБЕ, 02.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 октябр аз солгарди зодрӯзи Моҳандас Карамчанд Маҳатма Гандӣ (1869-1948), ки яке аз ходимони барҷастаи  сиёсию ҷамъиятӣ, роҳбари  идеологии ҳаракати истиқлолияти Ҳиндустон аз Британияи Кабир буд, 150 сол сипарӣ гардид. Зиндагиномаи ин марди сиёсӣ бисёр наҷиб аст. Ӯ   ватандӯстиро дар дӯст доштани ҳама халқҳо ва миллатҳо медонист, мегуфт Худои ягона дин надорад,  ҳама гуна таълимоти динӣ  пеши таҷрибаи рӯзгор ҳеҷ аст. Ӯ зидди ҳама гуна зӯроварӣ, ҳатто ҳаногми муборизаҳои сиёсӣ буд. Ба ҳамин хотир моҳи июни соли 2007 Маҷмаи Умумии СММ рӯзи таваллуди Махатма Ганди – 2 октябрро Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварэълон намуд…

Дар иртибот ба ин сана имрӯз дар назди нимпайкараи ин шахсияти барҷастаи сиёсию ҷамъиятии Ҳиндустон, ки дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош, шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар кишвари мо кору таҳсил менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои ин шахсияти бузург дар роҳи расидан ба озодию истиқлолияти халқи Ҳинд маросими гулгузорӣ баргузор шуд.

Сипас дар ҷамъомаде, ки дар Сафорати Ҳиндустон  дар Душанбе доир шуд, Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош, директори Китобхонаи марказии илмии  ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Суфизода доир ба ҳаёт ва рӯзгори Маҳатма Гандӣ  ва саҳми ӯ дар тарғиби сулҳу дӯстӣ, истиқлолияту озодӣ,  муттаҳидӣ ва ҳаракати озодихоҳии халқҳои ҷаҳон ибрози назар карданд.

Зикр шуд, ки зодрӯзи Маҳатма Гандӣ дар Ҳиндустон ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил гардида, ҳамзамон  аз соли 2007 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид  2 октябр ҳамасола  чун Рӯзи байналмилалии мубориза бидуни зӯроварӣ  таҷлил мешавад. Ақидаю андешаҳои истиқлолиятхоҳию  озодандешӣ ва мубориза бидуни хушунати падари бузурги халқи Ҳинд  аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ  гардидаанд.  Ҳамчунин таъкид гардид, ки  аз ҷониби донишманди шинохтаи тоҷик Шодимуҳаммад Суфизода китоби ходими бузурги ҷамъиятию сиёсии Ҳиндустон  Маҳатма Гандӣ таҳти унвони «Саргузашти ман»  ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст, ки он вақтҳои наздик  аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад.

Моҳандас Карамчанд Гандӣ  2 октябри соли 1869  дар Ҳиндустон таваллуд шуда, маълумоти олии ҳуқуқшиносиро дар Британияи Кабир гирифтааст. Солҳои  1893 – 1914 дар Африқои Ҷанубӣ кор карда, соли 1915 ба Ҳиндустон баргашт ва ба Ҳизби Конгресси Миллии Ҳиндустон  пайваста, яке аз пешвоёни он гардид. Маҳатма Гандӣ ба усули мубориза бидуни истифодаи зӯроварӣ ба муқобили истибдоди мустамликадорӣ асос гузошт, ки ин роҳи интихобнамудаи Маҳатма Гандӣ ба анъанаҳои ахлоқии Ҳиндустон такя менамуд. Ӯ гуфта буд, ки «ман ба он эътимоди комил дорам, ки озодии бо роҳи фиребу хунрезӣ ба даст омада озодӣ нест. Бо қувваи силоҳ мумкин аст муддате соҳибистиқол гашт, вале бо ёрии силоҳ озод намудани худ ва ё дигарон номумкин аст».

Бояд зикр кард, ки  дар масофаи начандон дуртар аз Сафорати Ҳиндустон дар кӯчаи Бухорои  шаҳри Душанбе нимпайкараи ходими барҷастаи сиёсии Ҳиндустон, доҳии мардуми Ҳинд Моҳандис  Карамчанд  Гандӣ  гузошта шудааст.  Парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ  соли 2003  дар ҷараёни  сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бардошта шуд, ки таҷассумгари дӯстиву бародарӣ, рафоқат ва ҳамдилии мардумони тоҷику ҳинд ва тарғибгари ақидаҳои инсондӯстона ва  озодихоҳонаи Маҳатма Гандӣ  аст.

Мусаллам аст, ки фалсафаи Маҳатма Гандӣ бидуни  табъиз буда, он  таъсири худро ба сулҳхоҳон ва ҷонибдорони  ҳаракатҳои миллию  озодихоҳонаи  халқҳои  ҷаҳон  расонидааст. “Ба ҷои нафрат ба якдигар дар дилҳо муҳаббат парваред”, — гуфтааст ӯ.

Маҳатма Гандӣ беш аз 30 сол фалсафаи худро пеш бурда,  дар интиҳо ба ҷаҳониён  самараи он-фалсафаи бидуни табъизро  собит сохт. Маҳз бо шарофати ақидаҳои озодихоҳона ва фалсафаи бидуни хушунати ходими барҷастаи сиёсии Ҳинд  Маҳатма Гандӣ   соли  1947 Ҳиндустон аз зери мустамликаи Британияи   Кабир раҳо гардида, истиқлолият ба даст овард.

Бо назардошти фалсафаи  озодихоҳона  ва бидуни табъизи Маҳатма  Гандӣ соли 2007 Созмони Милали Муттаҳид  2 октябр зодрӯзи Маҳатма Гандиро  Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз эълон кард, ки он дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳамзамон дар доираи таҷлили рӯзи таваллуди Маҳатма Гандӣ дар Душанбе намоиши аксҳо  ва филми мустанад марбут ба ҳаёт ва фаъолияти озодиҳоҳӣ ва инсондӯстии  Маҳатма Гандӣ  ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони Маркази фарҳангии  Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон   барномаи ҷолиби консертӣ, ки фарогири суруду таронаҳо дар васфи озодию истиқлолият ва сулҳу дӯстӣ  буд, пешкаши иштирокдорони ҷамъомад гардонида шуд.

Таҷлили ҷашни зодрӯзи Маҳатма Гандӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки рӯзҳои наздик сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон  Рам Натх Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2018 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди сабти тӯйҳои домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо вазири муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Филиппин мулоқот анҷом дод
ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд имкон доранд сарҳади байни Русия ва Беларусро бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан гузаранд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо вазири захираҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
Соли 2024 Маркази миллии қонунгузорӣ 9 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима муқаррар гардид
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид