Дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму эктремизм баргузор гардид

Октябрь 19, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши ходимони дин дар пешгирии ифротгароӣ ва терроризму экстремизм» ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму экстремизм баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаи мазкур бо ибтикори Маркази  исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии ҷустуҷӯи манфиатҳои умумии муқими шаҳри Бишкеки  Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Дар он намояндагони Марказ, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуда, масъалаҳои нақши воқеии ходимони дин дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб, вазъи кунунӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти  мазкурро муҳокима намуданд.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иброз дошт, ки ҷаласаи имрӯза дар партави Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳ монда шудааст.

Зимнан, он конфронси сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он беш аз 400 нафар иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштироку мубодилаи афкор намуданд.

Зикр шуд, ки дар ҷаласаи қаблӣ масъалаҳои мубрам оид ба пешгирии экстремизму терроризм, ҳамкориву муколамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният, дин ва   таҳлилгарону ҷамъияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд.

«Мутаассифона, Интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар баробари манфиатҳо ҷанбаи манфӣ низ дорад. Он вақтҳои охир ҳамчун як омили ҷалбкунандаи  ҷавонон ба ҳаракатҳои гуногуни мамнуъ гардидааст. Мо бояд ба баланд бардоштани донишҳои техникии ходимони дин мусоидат намоем, то ки онҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  саҳифаи худро боз намуда, бо ҷамъият дар муколамаи доимӣ  бошанд ва ба воситаи он ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб диҳанд. Ин сабаби саводноккунии динии шаҳрвандон мегардад», — зикр намуд коршиноси тоҷик Саидаҳмад Қаландаров.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаи баланд бардоштани донишҳои муосири ходимони динро муҳим ва ҳамкории минбаъдаи наздики онҳоро бо ҷомеа бо ҳама восита, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем ки ҷаласаи аввалини гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ моҳи сентябри соли равон доир гардида буд. 

Октябрь 19, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?