Дар Душанбе машғулиятҳои мураббиёни футбол барои ноил шудан ба литсензияи «В» оғоз гардид

Октябрь 24, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои мураббиёни футбол барои ноил шудан ба литсензияи «В» оғоз гардид. Роҳбари машуғулиятҳо мутахассиси варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)- ҳамватани мо  Боир Эгамбердиев буда ба ӯ Усмон Тошев аз Ӯзбекистон кӯмак мерасонад. 

Тавре сардори шӯъбаи департаменти техникии (фаннии) ФФТ Рустам Абдуллоев хабар дод, машғулиятҳо барои ноил шудан ба литсензияи «В» се ҳафта давом мекунад ва 6 ноябр ҷамъбаст хоҳад шуд.

Ба машғулиятҳо 18 нафар мураббиён, аз ҷумлаи Хуршед Маҳмудов, Алифбек Беромов, Нодир Раҳимов, Исмоил Саидов, Саид Ғаюров, Фаррух Чориев, Рустам Ҳалимов, Алишер Полвонов, Увайдо Давлатбеков, Шамсиддин Қосимов, Ширинҷон Мамадсафоев, Асрорҷон Шораҷабов, Қобил Умаров (аз Тоҷикистон), Мирислом Ҳасанов, Сӯҳроб Қобилов, Комил Самиев, Шӯҳрат Мӯсоев (аз Ӯзбекистон) ва Чарлз Накути ( аз Гана) фаро гирифта шудаанд.

Машғулиятҳо амалӣ ва назариявӣ гузаронида шуда, пас аз анҷоми  он мураббиён имтиҳон месупоранд. Онҳо, ки бо муваффақият аз имтиҳонҳо мегузаранд, соҳиби литсензияи «В» мегарданд.

Октябрь 24, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад