Дар Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» коллексияи либосҳои тарроҳи тоҷик зуд харидор пайдо кард

Октябрь 27, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» 12-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва мӯд «Диёри ҳусн» оғоз гардид, ки дар он косибон ва ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маҳсулоти дастии худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон — «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи косибони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова зимни ифтитоҳи фестивал ҳунармандони кишварҳои хориҷиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита муаррифии шоистаи мамлакат ба ҷаҳониён зиёда аз 100 намуди ҳунарҳоро аз андоз озод намуд. Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ буд, ки тайи солҳои охир мардум ба пӯшидани либосҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, баргузории силсилаи чорабиниҳои гуногун, намоиши ҳунари волои косибону тарроҳони тоҷик ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ рӯ оварданд. Ҳадафи аслии фестивал роҳандозӣ намудани либоси миллӣ ва сифати тоза бахшидан ба анвои гуногуни матоъҳои миллӣ мебошад.

Дар фестивал, ки мақсади он таваҷҷуҳ ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати косибии халқиятҳои гуногуни ҷаҳон аст, гӯшаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо ороиши санъати миллиии онҳо ташкил гардида буд.

Гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти гуногуни ороишӣ, аз қабили атласу шоҳӣ ороишу санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ, аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ, кордҳои наққошишуда, асбобҳои рӯзгор аз чӯбу сафол ва зарфҳои кулолӣ бо нақшу нигори миллӣ, гарданбанду ҷузвдон ва ҳамёнҳо аз адрасу атлас, тоқиву либоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва армуғонҳо зеб доданд.

Гӯшаи Ӯзбекистонро намунаҳои адрасу атласҳо, тоқиву либосҳои миллӣ ва армуғонҳо ташкил доданд. Ҳунарманд аз шаҳри Самарқанд Шоира Ғаниева куртаҳо, рӯймолҳо ва тоқиҳоеро, ки бо ранги табиӣ гулкорӣ карда шудаанд, ба намоиш гузошта буд. Ин зани ҳунарманд бо истифодаи қолабҳои махсус матоъҳои пахтагинро оро додааст, ки хеле ҷолиб буд. Ба нақли номбурда, рангҳое, ки барои оро додан истифода мешаванд, аз растанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешаванд. Холаи Шоира ин ҳунарро аз аҷдодон омӯхта, ба фарзандону наберагон ҳам омӯхтааст ва дар Тоҷикистон низ шогирдони зиёд дорад.

Ба андешаи ин ҳунарманд, таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати давлати Тоҷикистон ба рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мекунад.

Ҳунармандон аз давлати Афғонистон,  Гадомуҳаммад, Ҳумоюн, Ашраф, Зарина ва Ҷалол мегӯянд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо пешравиҳо дида мешаванд. «Мо, бародарони мардуми тоҷик аз тамоми дастовардҳои Тоҷикистон истиқбол мекунем. Аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ҳунармандони афғон хеле хушҳол шуданд. Зеро ҳунар сарҳад надорад ва мо имкон пайдо кардем, ки маҳсули дастии худро дар намоишгоҳҳои ҳунармандии Тоҷикистони ҳамсоя ба маъраз гузорем»,- иброз доштанд ҳунармандон.

Дар доираи фестивал либосҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон намоиш дода шуданд. Тоҷикистонро коллексияи либосҳои миллии омоданамудаи тарроҳи маъруфи тоҷик Саидҷалол Махсумов муаррифӣ намуд.

Коллексияи либосҳои ин тарроҳ бо дӯхту тарҳи мухталиф аз матои атласу адрас ва чакан пешниҳоди дӯстдорони либоси замонавӣ гардида, зуд харидори худро пайдо кард.

Тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов гуфт, ки  чанд соли охир  талабот ба атласу чакан зиёд шудааст ва мо кӯшиш мекунем коллексияи худро, ки аз атласҳои сифати олӣ иборат аст, пешкаши ҷаҳониён гардонем.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин намоишу мулоқот на танҳо инъикоси ороиши либосҳои замонавӣ, балки бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари воло ва истеъдоди занону бонувони тоҷик аст.

Фестивал ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ду рӯз идома меёбад.

Октябрь 27, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар телевизионҳои Чин 6 филми мустанади Тоҷикистон намоиш дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати фарҳанг 5 номинатсияи навро барои дохилнамоӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
Водии «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои рангоранг ва табиати афсункораш диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамояд
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 17 ҳазор сайёҳ ворид гардидааст
Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ» ҳамоиши илмӣ доир карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 132 довталаби пойтахт ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
21 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст