Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд

Октябрь 12, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ҳайати 350-нафараи мутрибону раққосон ва овозхонҳои  туркман ҷиҳати ҳунарнамоӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон, ки 14-15  октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, ба Тоҷикистон ташриф оранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 15 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии фарҳангиёни Туркманистон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.   Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҳкими густариши робитаҳои фарҳангӣ бо мақсади рушди ҳамкории фарҳангии ду кишвар ва шинос намудани мардуми тоҷик бо санъат ва фарҳанги халқи туркман гузаронида мешаванд.

Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи «Гулпам»-и Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебапи Туркманистон дар назар аст. Ҳамзамон дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон ва барномаи консертии устодони санъати ин кишвар доир мегардад.

Дар назар аст, ки як қисми ҳайати фарҳангиии Туркманистон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар намуда,  дар назди  сокинони ноҳияи Дӯстӣ бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ намоянд.

Октябрь 12, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ