Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ бо Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд

Октябрь 29, 2018 17:04

ДУШАНБЕ, 29.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Чанд дақиқа пеш дар бозии чорякфиналӣ  муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони  Кореяи Ҷанубӣ, ки имрӯз, 29-уми октябр, дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекасии Индонезия баргузор шуд, дастаи мунтахаби Тоҷиткистон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Тӯби ягонаро Ҷеон Сеҷин  дар  нимаи аввали вохӯрӣ, дар  дақиқаи 44-ум ба нишон расонид.

Ҳамин тавр, футболбозони ҷавони тоҷик аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2019 (U-20) маҳрум гардиданд.

Ду бозии аввали чорякфиналииии  Чемпионати  Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола 28-уми октябр доир шуд. Дастаи мунтахаби Ҷопон дастаи мунтахаби  Индонезияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Шунки Ҳигашӣ (дақиқаи 40-ум) ва Таисеи Мияширо (дақиқаи 70-ум) ба ҳадаф  расонданд.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ мунтахаби Қатар дастаи Тайландро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод.  Вақти  асосии ин вохӯрӣ  бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Голҳоро аз дастаи  Қатар Ҳошим Алӣ (дақиқаи 13-ум), Носир Ал-Язидӣ (21) ва Аҳмад Суҳайл (87), голҳои дастаи Тайландро Коравич Таса (48), Сакунчаи Сенгзофо (61) ва Зирапак Пруенгна (80) заданд.

Дар замони изофӣ қатариҳо чор гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Абдулрашид Умар ду гол (дақиқаҳои 99-ум ва 117-ум), Халид Мансур (106) ва Юсуф Айман (120) якголӣ ба дарвозаи мунтахаби Тайланд ворид карданд.

Бозии охирини чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола бегоҳи имрӯз, 29-уми октябр, байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Австралия баргузор мешавад.

Инак,  се дастаи ширкаткунандаи даври нимфиналӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр доир мегардад, муайян гардиданд. Дар даври нимфиналӣ Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ-Австралия рӯбарӯ мешаванд.

Чемпионати  Осиё-2018 оид ба футбол миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия 4-уми ноябр ба поён мерасад. Дастаҳои мунтахаби Қатар, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, ки ба нимфинали  Чемпионати Осиё баромаданд, ба  Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20) роҳхат гирифтанд. Барои роҳхати чорум дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Австралия мубориза мебаранд.

 

Октябрь 29, 2018 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд