Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Бангладеш бар дастаи Непал ғалаба ба даст овард
ДУШАНБЕ, 03.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду («Bangabandhu Gold Cup») бар дастаи мунтахаби Непал бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ин бозӣ шоми дирӯз, 2 октябр, дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»-и пойтахти Бангладеш — шаҳри Дакка — баргузор шуд.
Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ бозигари непалиҳо дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев қоидаи бозиро вайрон кард ва сардовари бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Непал ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ таъйин намуд. Тӯбро капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонд ва ҳисобро боз намуд.
Муаллифи голи дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 69 ҳамлагар Комрон Турсунов гардид.
Дар бозии нахустини ин мусобиқа 1 октябр дастаи мунтахаби Бангладеш дастаи мунтахаби Лаосро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз дастаи мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.
Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро дар ин мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 4-уми октябр, муқобили дастаи мунтахаби Фаластин анҷом медиҳад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






