ТО БА ИСТИФОДАДИҲИИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НБО «РОҒУН» 22 РӮЗИ ДИГАР МОНД. Ба Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон» бахшида мешавад

Октябрь 25, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 25.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Инак рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – истиқлолияти комили энергетикӣ фаро мерасад. Ба ин санаи таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи халқи тоҷик 22 рӯзи дигар боқӣ монд. Яъне,  16 ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуда, барои нурафшон шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боз ҳам устувор гузошта мешавад.

Ба истифода додани агрегати нахустини НБО «Роғун» дар замоне сурат мегирад, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2012 бо қабул намудани қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон», барои солҳои  2014-2024 –ро эълон кард. Яъне мутмаинан метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар амалигардии ҳадафҳои ин даҳсола қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Аз ҷумла, дар қатъномаи мазкур гуфта мешавад: «Ассамблеяи генералӣ ба ҳукуматҳо тавсия медиҳад, ки барои бунёд, оммавигардонӣ ва истифодаи манбаъҳои наву баркароршавандаи неруи барқ дар ҳама сатҳҳо шароити мусоид фароҳам оваранд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти сиёсии худ  ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, онро яке аз самтҳои афзалиятнок, муҳим ва ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори дурандеш оид ба нақши муҳим доштани энергетика ва пурра таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ борҳо сухан карда, аз ҷумла гуфтанд: «Истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкиму тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои бойи обӣ ва иқтидори бузурги энергетикӣ дар дар минтақа нақши калидӣ дошта, метавонад дар рушди иқтисодии кишварҳои қабулкунандаи неруи барқ саҳмгузор бошад.

Тавре сардори маркази матбуоти  Ширкати саҳҳомии холдингии  кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт: «Солҳои охир дар фасли тобистон ҳангоми пурра таъмин будани аҳолии мамлакат бо неруи барқ боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад».

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони чандин неругоҳҳои хурду бузург то андозае тавонистанд дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина гузоранд. Имрӯз халқи тоҷик боварӣ доранд, ки бо талошу роҳнамоиҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ шарафёб мегардад ва ба гуфтаи Роҳбари давлат он замон «нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».

Бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА — 1000, таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд.

Ҳоло дар дарёҳои Вахш, Варзоб, Сирдарё ва Помир силсиланеругоҳҳое сохта шудаанд, ки ҳамарӯза барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунанд.

Бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат соли 2006 таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғоз гардида, то имрӯз чандин чархаи кории агрегатҳои он бо истифода аз таҷҳизоти муосир пурра иваз карда шуданд. Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои расмӣ,  барои корҳои таҷдиду барқарорсозии НБО «Норак»  аз соли 2006 то 2016 ба маблағи умумии 627 миллиону 219 ҳазору 557 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Сарвари давлат ҳамеша барои истифодаи самараноки имкониятҳои гидроэнергетикии мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Мавриди зикр аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии НБО “Сангтӯда-1” оғоз гардиданд.

16 октябри соли 2004 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Россия миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити иштироки Федератсияи Россия дар бунёди неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” созишнома ба имзо расид.

Тибқи нақшаи лоиҳавӣ, 15 апрели соли 2005 сохтмони неругоҳи мазкур оғоз гардида, 31 июли соли 2009 пурра ба итмом расонида шуд. Айни замон неругоҳ ҳамасола то 1,7 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мекунад.

Дастоварди дигар дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ – ин ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» мебошад.

Хишти аввали сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда, моҳи декабри соли 2016 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Зимнан, сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегаватт моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 бо иқтидори умумии 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Иқтидори навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 300 мегаватт мебошад. Ин марказ аз оғози фаъолият то ба имрӯз бо ангишти табиии конҳои Тоҷикистон кор карда истодааст.

Дар баробари тадбирҳои болозикр, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, метавон аз нақши муҳими ба истифода додани хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500- киловолтаи «Ҷануб — Шимол» ва 220 киловолтаи «Лолазор — Хатлон»  ёдовар шуд.

Моҳи декабри соли 2009 дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» дар баробари ба истифода додани зеристгоҳи барқии «Хуҷанд-500» ва се хатти интиқоли барқи 220-киловолта хатҳои интиқоли барқи ҷанубу шимоли кишвар ба ҳам пайваст шуда, шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

Бояд гуфт, ки  дар вилояти Суғд ду хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ гузаронида шуданд, ки дарозии онҳо 32 километрро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, 26 сентябри соли 2011 зеристгоҳи барқии «Хуҷанд–Айнӣ» ва  19 октябри соли 2015 хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт»  ба истифода дода шуданд. Азбаски Тоҷикистон аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун яке аз мамлакатҳои тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар эътироф карда шудааст, сохтмон, таҷдид ва навсозии хатҳои интиқоли барқи дохилӣ ва хориҷӣ барои кишварамон аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд.

Мавҷуд будани зиёда аз 350 адад неругоҳҳои хурд дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат нишони иқтидори энергетикии бой доштани Тоҷикистон ва дастрасии ҳамагон ба энергияи устувор мебошад.

Ба иттилои Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон  хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт соат-неруи барқ истеҳсол мешавад.

«Ин нишондиҳанда тавонист мардуми мамлакатро пурра бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар таъмин намояд. Аз 14 январи соли 2017 инҷониб маҳдудияти неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз байн бардошта шуд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мавриди зикри хос аст, ки 13 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар муроҷиатнома ирсол намуда, зимни он, аз ҷумла гуфтанд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».

Пурра аз байн бардоштани маҳдудият дар таъмини неруи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҷаҳон норасоии ин қувва нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Тавре дар Қатъномаи СММ  оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон» барои солҳои  2014-2024 гуфта мешавад: «Имрӯз 2,6 миллиард одамон дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ барои омода намудани хӯрок ва гармкунии манзили худ аз навъҳои маъмулии сӯзишворӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин 1,3 миллиард одамон ба қувваи барқ дастрасӣ надоранд. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки ин қувва пешниҳод мешавад, миллионҳо нафар аз сабаби камбизоатӣ пули онро пардохт карда наметавонанд».

Аз таҳлилҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар як замони начандон тӯлонии таърих, яъне 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат барои ноил шудан  ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ устуворона қадам ниҳода, муваффақитҳои зиёдеро соҳиб шудааст. Яъне мамлакати мо дар амалигардии ин Даҳсола фаъолона ширкат варзида истодааст.

Илова ба ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон барои  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ (беш аз чор миллиард доллари амрикоӣ) дар назар дошта шудааст.

Инҷо метавон аз он ёдовар шуд, ки 12 июни соли 2017  шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» баргузор гардид.

Сарвари давлат, аз ҷумла баён доштанд, ки «кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рӯи истифодаи манбаъҳои тавлиди «энергияи сабз» дар   ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии «Энергияи устувор барои ҳама»  ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон»,- барои солҳои 2014-2024-ро  фаъолона ҷонибдорӣ намудааст».

Мисоли бебаҳси ин гуфта метавонад сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бошад. 26 сентябри соли 2005 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корҳои бунёдкорию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» иштирок намуда, баён доштанд: «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Яъне аз соли 2005 инҷониб Ҳукумати мамлакат ба сохтмони НБО «Роғун» диққати махсус зоҳир намуда, тадбирҳои таъхирнопазир  андешид. Инак то ба истифода додани ин неругоҳ 22 рӯзи дигар боқӣ мондааст. 16 ноябри соли 2018 дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум ва агрегати дуюм он  моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2018 неругоҳи «Роғун» ба истеҳсоли барқ оғоз намуда, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ шарафёб мегардад.

Ин тадбирҳо барои амалигардии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон», барои солҳои  2014-2024 мусоидат менамоянд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид