ФУТБОЛ: дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Октябрь 17, 2018 16:56

ДУШАНБЕ, 17.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Чанд лаҳза пеш  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе бозиҳои аввали ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Душанбе-83»-и   Душанбе  баргузор шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар медиҳад, дар  ин вохӯрии ҷолиб дастаи  футболи  «Истиқлол»  бо ҳисоби 3:1 бар  дастаи  футболи «Душанбе-83» ғолиб омад. Голҳоро дар ин бозӣ дар дақиқаҳои  11, 54, 59 ва 65  Ҷаҳонгир Абдулманонов, Нозим Бобоҷонов, Аҳтам Назаров ва  Элчибек Рашидбеков ба ҳадаф расониданд.

Ҳамчунин имрӯз вохӯрии дигари ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни   дастаҳои  футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  ва «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Талко – Арена»-и шаҳри Турсунзода  доир гардид.

Дар ин рақобат  дастаи футболи «Хуҷанд»-и    шаҳри Хуҷанд   дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0   мағлуб намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ягона намояндаи Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон- «Душанбе-83» то ҳанӯз муборизаро идома медиҳад.

Октябрь 17, 2018 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд