ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон давраи омодагияшро ба Чемпионати Осиё-2018 ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев тамринҳои хешро дар Чемпионати Осиё-2018 ба итмом расонида, ба нахустин бозӣ, ки 20 октябр бо дастаи мунтахаби Чин доир мегардад, омода мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки якчанд рӯз пеш озими Индонезия шуда буд, тамринҳои пайвастаи худро ба итмом расонид. Дар ҳайати умумӣ 22 футболбоз тамрин намуданд. Барои ҳамлагари яккачини кишвар Нуриддин Ҳамроқулов Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, ба итмом расид. Ҳамлагари 18- солаи тоҷик дар вақти тамрин ҷароҳат бардошта, тамрингоҳи мунтахаби кишварро тарк намуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин дидори хешро 20 октябр бо дастаи миллии Чин дар варзишгоҳи «Патриот» соати 17:00 бо вақти Душанбе баргузор мекунад. Хотиррасон мекунем, ки чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба Чемпионати ҷаҳон-2019, ки соли оянда дар кишвари Полша баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.