ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба Индонезия рафт

Октябрь 10, 2018 08:55

ДУШАНБЕ. 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои тайёрии охирин ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард ва ҳамакнун якбора дар Чемпионати Осиё -2018, ки дар ҳамин кишвар аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр гузаронида мешавад, иштирок хоҳад кард.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамалакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” вориди рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё   ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Полша гузаронида мешавад, иштирок мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 чунин аст::

ДарвозабонҳоШоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исоқов (аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (озод аст);

Муҳофизатгарон: Алишер Баротов, Наимдҷон Иброҳимзода (аз  «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (аз  «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Пандҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, («Хатлон»), Шарафҷон Солехов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (аз  «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодустов (аз «Барқчӣ»).

Чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D»

Даври 1

20 октябр

14:00* – Арабистони Саудӣ – Малайзия

17:00 – Тоҷикистон – Чин

 

Даври 2

23 октябр

14:00 – Чин  – Арабистони саудӣ

17:00 – Малайзия – Тоҷикистон

Даври 3

26 октябр

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

*Эзоҳ: соати баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудаанд .

Октябрь 10, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд