ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба Индонезия рафт
ДУШАНБЕ. 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои тайёрии охирин ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард ва ҳамакнун якбора дар Чемпионати Осиё -2018, ки дар ҳамин кишвар аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр гузаронида мешавад, иштирок хоҳад кард.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд. Ҳамаи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд.
Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамалакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” вориди рақобат мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Полша гузаронида мешавад, иштирок мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 чунин аст::
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исоқов (аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (озод аст);
Муҳофизатгарон: Алишер Баротов, Наимдҷон Иброҳимзода (аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ҳанонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (аз «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Пандҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, («Хатлон»), Шарафҷон Солехов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (аз «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодустов (аз «Барқчӣ»).
Чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонон (U-19)
Гурӯҳи «D»
Даври 1
20 октябр
14:00* – Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00 – Тоҷикистон – Чин
Даври 2
23 октябр
14:00 – Чин – Арабистони саудӣ
17:00 – Малайзия – Тоҷикистон
Даври 3
26 октябр
17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
17:00 – Чин – Малайзия
*Эзоҳ: соати баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудаанд .








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






