Футбол: имрӯз дар вохӯрии ¼-финалии Чемпионати Осиё дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии ¼- финалии Чемпионати Осиё дар варзишгоҳи «Patriot Candrabhaga Stadium»-и шаҳри Бекасии Индонезия дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Кореяи Ҷанубӣ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Коршиносони футбол аз ин бозӣ ҳангомаро интизоранд. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар ин бора.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «Д» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия қувва озмуда , бо як ғалаба (Чин 1:0), як бохт (Арабистони Саудӣ 1:3) ва як мусовӣ (Малайзия 2:2) ба касби 4 имтиёз соҳиби ҷои дуввум гардида, ба бозиҳои ¼-финалӣ роҳхат гирифт. Дар навбати худ ҳарифи имрӯзааш –дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ветнамро бо натиҷаи якхелаи 3:1 шикаст дода, бо дастаи мунтахаби Австралия бозиро мусовӣ-1:1 анҷом дод ва бо касби 7 имтиёз соҳиби мақоми аввал гардид.
То кадом дараҷа қувваи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ветнам баробар аст, аз натиҷаи бозии имрӯза ба ин савол ҷавоб хоҳем гирифт. Яқин аст, ки тарҳи бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоии футболбозони Австралияро ба хотир меорад ва дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ муқобилияти сахт нишон хоҳад дод.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ҳамкасбони худро бо роҳхат гирифтанашон ба бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё муборакбод карда, гуфт: «Дар гурӯҳ футболбозони мо бо дастаҳои пурқувват –Чин, Арабистони Саудӣ ва Малайзия қуваю нерӯи зиёде сарф карданд. Дар таърихи футболи мамлакат бори дуввум аст, ки мо ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ мебароем. Ин навбат мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ба бозиҳоии финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳхат гирем. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ аз беҳтарин дастаҳои Чемпионати Осиё маҳсуб мешавад ва ин пӯшида нест. Бо онҳо бози кардан барои дастаи мо хеле душвор хоҳад буд. Бозингарони мо хуб дарк мекунанд, ки тамоми қувваро дар ин бозӣ бояд сарф кард. Барои ватан, футболбозоне, ки лат бардоштаанд, барои даста, барои мухлисоне, ки онҳоро ҳамеша пазироӣ мекунанд имрӯз дар майдон барои ба мурод расидан худро дареғ набояд дошт».
Бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз, соати 14:00 , ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Биёед футболбозони кишварро якҷоя дастгирӣ мекунем!
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






