Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ИМА масоили вобаста ба милитсияи сайёҳиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори мубориза бо маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Департаменти давлатии ИМА хонум Ниша Праер баргузор гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки дар мулоқот Вазоратро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, сардори шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ва дигарон намояндагӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти милитсия, қайди ягонаи ҷиноятҳо, терроризм, экстремизм ва масоили вобаста ба милитсияи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
«Намояндагони ВКД бо Политсияи муштараки давлатии таваққуфгоҳи минтақаи Анакостии шаҳри Вашингтон мулоқот намуда, бо фаъолияти амалии ин политсия дар қаламрави ИМА шинос шуданд»,- хабар доданд аз ВКД.
Ёдовар мешавем, ки сафари хизматии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА идома дорад.








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






