Хуҷанд узви Ассотсиатсияи байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» (UCLG VO) гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Хуҷанд узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» гардид.
Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин бора дар нишасти охирини Ассамблеяи генералии ин ташкилоти байналхалқӣ, ки дар шаҳри Чебоксарияи Федератсияи Россия бо ҳузури намояндагони зиёда аз 70 шаҳр сурат гирифт, қарор қабул карда шуд. Зимни нишасти мазкур ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шаҳодатнома тақдим гардид.
Дар нишаст роҳбарони филиалҳо, намояндагони шаҳрҳо, ассотсиатсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва коршиносони байналмилалӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Испания, Россия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Абхазия, Алҷазоир ва Муғулистон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» (UCLG VO) зиёда аз 1000 шаҳр ва ассотсиатсияҳоро муттаҳид намудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






