ФУТБОЛ: Имрӯз дар Индонезия марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон оғоз меёбад

Октябрь 18, 2018 08:43

ДУШАНБЕ, 18.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр, дар Индонезия марҳилаи ниҳоии (финали) Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола оғоз мешавад. Дар мусобиқа 16 дастаи пурқувваттарини Осиё барои 4 роҳхат  бап Чемпионати ҷаҳон — 2019   талош меварзанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар гурӯҳи «D» муқобили дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат хоҳад кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии аввалини худро дар доираи ин мусобиқа  20 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин мегузаронад.
Оғози ин бозӣ  — соати 17.00 ба вақти Душанбе.

Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола (U-19)
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
20 октябр (шанбе)
14:00 – Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00 – ТОҶИКИСТОН – ЧИН
Даври 2-юм
23 октябр (сешанбе)
14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ
17:00 – Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
26 октябр (ҷумъа)
17:00 – Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
17:00 – Чин – Малайзия
Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе

 

 

Октябрь 18, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд