Имрӯз-Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ. Ҳифзи ин ҳайвони нодир ва афзоиши саршумори он метавонад таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони ватанию хориҷиро ҷалб намояд

Октябрь 23, 2018 14:05

ХОРУҒ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми ҷаҳонии ҳифзи бабри барфӣ ё озодапаланг баргузор шуд. Дар ин форум Декларатсия оид ба нигаҳдошти озодапаланг ва экосистемаи зисти он қабул гардид. Акнун ҳамасола рӯзи 23 октябр чун Рӯзи байналмилалии озадапаланг дар тамоми ҷаҳон таҷлил  мешавад.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев гуфт, ки «дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 фоизи макони зисти он дар шарқи Бадахшон мебошад. Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво хеле тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном  мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд. Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро тӯъмаи шикорчиён мегардонад».

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, чанд соли охир мубориза бо шикори ғайриқонунии ин ҳайвони нодир хеле сахт шудааст. Ин амал имконият дод, ки саршумори озодапаланг дар ҷумҳурии мо рӯ ба афзоиш ниҳад.

Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст. Аз ин рӯ дар панҷ соли охир ҳодисаи шикори ғайриқонунии ин ҳайвони нодир ба қайд гирифта нашудааст, аммо «ҳуҷум»-и озодапаланг ба ҳайвоноти хонагии сокинони маҳаллӣ дар зарфи се соли охир чор маротиба рух додааст.

Ҳарчанд дар натиҷаи ин ҳамла сокинони маҳаллӣ хисороти зиёди молӣ дидаанд, аммо боз ҳам озодапалангро авф намуда, ба «хонааш» гусел карданд Чунин ҳодисаҳо  дар деҳаи Равмеди Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, Ванқалъа ва Ҷелондеҳии ноҳияи Шуғнон ва дигар маконҳо ба амал омаданд. Дар натиҷаи танҳо як ҳуҷум ба оғилхона дар деҳаи Ванқалъа қариб 40 сар моли майда талаф ёфт. Сокинони деҳа озодапалангро дастгир намуда, онро  ба қафас андохта, ба кӯҳдоман сар доданд. Чунин муносибат  аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ эҳтиром мегузоранд ва  нодир будани ин ҳайвонро дарк менамоянд.

Ба ақидаи баъзе мутахассисони соҳаи экологӣ, ҳифзи ин ҳайвони нодир ва афзоиши саршумори он метавонад таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ бештар ҷалб намояд.

 

Октябрь 23, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд
ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2025. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд