Медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё муборак!
ДУШАНБЕ,08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё , ки дирӯз дар Малайзия ба анҷом расид, медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳиб шуданд.
Ин дар ҳолест, ки шоми дирӯз футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии финалӣ, дар бозии баробар бо дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида, зинаи дуюми ифтихориро сазовор гардиданд.
Футболбозони Тоҷикистон миёни 45 дастаи қораи Осиё бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ва Осиё тавонистанд, ки ба вохӯрии финалӣ роҳхат гирифта, саҳфаи корномаи варзишии кишварро рангин намоянд. Ба замми ин баъди ин муваффақият маротибаи дуввум футболбозони мамлакат дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Перу доир мегардад, иштирок менамоянд.
Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола бори дигар собит сохт, ки барномаи рушди футбол дар кишвар бо майлони тоза ҷараён дорад ва ба наздикӣ боз дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон дар бозиҳои финалии Чемпионати Осиё ширкат меварзад.
Роҳандозӣ шудани барномаи нави Федератсияи футболи Тоҷикистон “Орзу -2026”, ки бо дастовардҳои намоён шурӯъ шуд, дар арсаи футболи мамлакат ситораҳои ҷавону умедбахшро кашф ва ба воя хоҳад расонд.
Медалҳои нуқраи аввалини Чемпионати Осиё муборак!
Чемпионати Осиё-2018 байни футболбозони наврас (U-16).
Финал
Япония – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Ҷун Нишикава, 63.
Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Амадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 60), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 66), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров.
Довар дар майдон: Аҳад Ёқуб Иброҳим (Урдун).
7 октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи милии Букит Ҷалил. 352 тамошобин.
Ҳамаи бозиҳои финалии Чемпионати Осиё байни наврасон (1985-2018):
1985 – Арабистони Саудӣ – Қатар – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 4:3
1986 – Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 5:4
1988 – Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 2:0
1990 – Қатар – АМА – 2:0
1992 – Чин – Қатар – 2:2. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 8:7
1994 – Япония – Қатар – 1:0 (дар вақти иловагӣ)
1996 – Уммон – Тайланд – 1:0
1998 – Тайланд – Қатар – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 3:2
2000 – Уммон – Эрон – 1:0
2002 – Кореяи Ҷанубӣ – Яман – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 5:3
2004 – Чин – Кореяи Шимолӣ– 1:0
2006 – Япония – Клореяи Шимолӣ – 4:2 (вақти иловагӣ)
2008 – Эрон – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1
2010 – Кореяи Шимолӣ – Ӯзбекистон – 2:0
2012 – Ӯзбекистон – Япония – 1:1. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 3:1
2014 – Кореяи Шимолӣ –Кореяи Ҷанубӣ – 2:1
2016 – Ироқ – Эрон – 0:0. Аз силсилазарбаҳои пеналти – 4:3
2018 – Япония – Тоҷикистон – 1:0
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






