МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ ТОҶИКИСТОН НЕЪМАТИ ТАБИИЯНД: АМИТ «Ховар» маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонии мамлакатро муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, роҳи бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо назардошти ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Тоҷикистони офтобии мо мамлакати сайёҳӣ буда, дар он иқтидори бузурги ҷалбкунандаи дӯстдорони табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, мавзеъҳои таърихӣ, чашмаҳои мусаффову шифобахш ва бештар аз ҳама, навъҳои гуногуни мева, аз қабили ангур, анор, зардолу, шафтолу, лимон, себ, харбузаву тарбуза ва ғайра мавҷуданд. Маҳз ба ҳамин хотир сайёҳон аз кишварҳои гуногуни олам ба инҷо меоянд, то мамлакати офтобии мо ва дастовардҳои соҳаҳои мухталифи онро тамошо кунанд.
АНГУР – яке аз меваҳое мебошад, ки халқи тоҷик аз қадимулайём ба парвариши он машғул аст. Имрӯз деҳқонони тоҷик ба он назаранд, ки дар мамлакат зиёда аз 300 намуди ин мава мавҷуд аст. Хоҷагидорон беҳтарин навъҳои ангурро ба навъҳои «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» ҷудо мекунанд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки танҳо дар шаҳри Турсунзода метавон се боғи муҳташамро дид, ки онҳо Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», «Ватан» ва «Хоҷӣ Неъмат» мебошанд.
Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат менависад, «Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро доранд.
Мавриди зикри хос аст, ки Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон зиёда аз 1100 нафар саҳмдор дорад.
АНОР – муҳаққиқон макони пайдоиши ин навъи меваро ҳудудҳои Америкаи Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Осиё арзёбӣ намудаанд. Бо гузашти вақт таъми он ҳамчунон ба инсон писанд омада, парвариши ин растанӣ дар қисматҳои ҷануби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо калонтарин боғҳои анор дар бисёр мамлакатҳо аз ҷумла, дар Тоҷикистон ва Озарбойчон мавҷуданд.
Дар Шарқ анорро «шоҳи меваҳо» ном мебаранд.
Таркиби фоидабахшии ин мева аз қадимулайём ба ҳамагон маълум аст. Мисриёни қадим мутмаин буданд, ки анор метавонад ишқро дар дил аланга зада, бадани инсонро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад. Имрӯз олимон исбот намудаанд, ки «шоҳи меваҳо» масуниятро устувор гардонида, ба организми инсон барои бо бисёр бемориҳо мубориза бурдан кумак мерасонад.
Шароити метрологии Тоҷикистон барои парвариши намудҳои гуногуни дарахтон ва меваҳои субтропикӣ мувофиқ мебошад, ки анор низ ба ин гурӯҳ дохил мешавад. Яке аз маконҳое, ки барои парвариши анор дар Тоҷикистон маъруф аст, минтақаи Норак мебошад. Махсусан дар ин шаҳр хоҷагии деҳқонии «Хол» ва ҶСК «Боғи анор» — ро метавон дид. Ғайр аз ин мувофиқи ҳисоботи оморӣ, ҳоло дар мамлакат зиёда аз 500 гектар боғи анор мавҷуд мебошад.
Зардолуи Тоҷикистон – неъмати табиат мебошад. Инсоният асрҳою ҳазорсолаҳо ба он назар карда, хусусият ва талаботашро дарк намуд.
Зардолу шаҳдбор ва хушбӯю болаззат мебошад. Шаҳди он майли инсонро ба худ ҷалб мекунад. Ғайр аз он ки зардолу маззаи хуш дорад, бисёр фоидабахш низ мебошад. Таркиби зардолу аз витаминҳо ва минералҳо бой буда, яке аз дӯстдоштатарин меваҳои инсон ба шумор меравад.
Ватани зардолуро қаторкӯҳҳои Тян- Шон, воқеъ дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон арзёбӣ кардаанд.
Ба иттилои воситаҳои ахбори омма, дар мамлакати мо деҳқонон ҳамеша дар самти зиёд намудани шумораи навъҳои мутобиқшавандаи зардолу корбарӣ мекунанд. Ҳоло танҳо дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд зиёда аз 90 навъи зардолу, аз ҷумла, «аҳрорӣ», «хурмоӣ», «кафак», «бинигорӣ», «мирсанҷалӣ», «тоҷибоӣ», «бобоӣ», «маҳтобӣ», «лучак», «ҷавпазак» ва ғайра.
Айни ҳол зардолуҳои Тоҷикистон дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун бренди хос гардидаанд. Барои ин дар мамлакат чоарбиниҳои ҳамаҷониба ба зардолу нигаронидашуда баргузор карда мешаванд. Мавриди зикри хос аст, ки ду сол пеш, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд муҷассамаи зардолу гузошта шуд.
Ғайр аз ин, дар Тоҷикистони биҳиштосо себи болаззат мавҷуд аст. Он дар шароити табиӣ, бе тағйирот ва истифодаи нуриҳои минералӣ парвариш карда мешавад.
Дар забони англисӣ зарбулмасале мавҷуд аст, ки чунин маъно дорад: «Касе, ки рӯзона себ истеъмол мекунад, ба назди духтур намеравад». Бино ба иттилои баъзе тадқиқоти илмӣ, истеъмоли себ метавонад хатари бемории саратони рӯда, простата ва шушро паст намояд. Себ назар ба дигар меваҷот ва сабзавот бештар витамини С дорад.
Дар Тоҷикистон себ бештар дар қисматҳои шимолу ғарб парвариш карда мешавад. Масалан, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Боғи намунавии интенсивии ба номи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро метавон дид. Ин боғ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии «Асадулло» бунёд шудааст. Маҳз дар ин рӯз бо иштироки Сарвари давлат дар боғи мазкур дарахтони себ шинонида шуданд.
Тарбуз ва харбузаи Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон дӯст медоранд. Тавре маълум аст, ҳардуи ин меваҳо ҳазор сол муқаддам маҳз дар Осиёи Миёна пайдо шудаанд. Барои ҳамин, лизизтарини онҳо то ҳол дар ин минтақа мерӯяд. Дар мамлакати мо ҳамасола дар оғози тирамоҳ «Иди харбуза» баргузор мегардад.
Тавре нашряи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» менависад, имсол Иди харбуза дар саросари ҷумҳурӣ 4 сентябр баргузор гардид. Чорабинии асосии ин ид дар назди Маркази савдои «Меҳргон» баргузор гардида, навъҳои беҳтарини харбуза ва дигар маҳсулоти хоҷаги қишлоқ ба намоиш гузошта шуда, бо нархи арзон ва дастрас ба сокинону меҳмонони пойтахт пешкаш гардиданд.
Бояд гуфт, ки соли 2015 дар шаҳри Ҳисор калонтарин чойхонаи шакли харбуза дар чаҳон ифтитоҳ гардид, ки номи он «Чойхонаи харбуза» мебошад.
Айни замон ин навъҳои меваи Тоҷикистонро на танҳо ба мамлакатҳои Иттиҳод, балки ба Афғонистон ва Покистон низ содирот мекунанд.
«Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе низ бомаром идома доранд. Дар гӯшаву канори ноҳияҳои пойтахт дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои гуногун шинонида мешаванд, ки ба симои марказҳои фарҳангию истироҳатӣ таровати тоза мебахшанд. Ҳамаи ин тадбирҳои ободонию сабзазоркунӣ, ки аз аҷдодони пурифтихор ба мо мерос мондаанд, бо роҳнамоию ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат сурат мегиранд ва он аз завқи баланди зебоипарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,- навишта буд Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи намунавии интенсивии ба номи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» -и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон.
Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.
Таҳияи
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»