Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 12 ҳазор тонна муайян карда шудааст

Октябрь 8, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» ба коркарди пахта машғул буда, маҳсулоти хомро то марҳилаи ниҳоии истеҳсол мерасонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Корхона яке аз пешсафони соҳаи коркарди пахта ба ҳисоб рафта, дар он маҳсулоти хом то ба марҳилаи ниҳоии истеҳсол расонида мешавад. Ҳоло корхона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ қариб 3 ҳазор тонна пахта қабул намуда, бо зиёда аз 300 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар корхона то имрӯз 1500 тонна нахи пахта коркард карда шуда, аз он риштаҳои босифат истеҳсол гардидаанд. Инчунин дар коргоҳҳои дигари корхона истеҳсоли маҳсулоти тайёр — матоъ ва либосҳои пахтагин ба роҳ монда шуда, то андозае бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин менамоянд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сари вақт ба беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ситоди ноҳиявӣ ташкил гардидааст.

Имсол кишоварзони ноҳия дар 4350 гектар пунбадона кишт намуданд ва нақшаи истеҳсолӣ 12 529 тонна муайян карда шудааст. То 6 октябр дар ноҳия 7030 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 56,1 фоизи нақша баробар аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 8, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд