Барои инъикоси Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ шароити мусоид фароҳам гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябр дар шаҳри Душанбе Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Барои инъикоси ҳамаҷонибаи ин чорабиниҳо барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ бо тамоми шароити зарурӣ ташкил гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ииттилоъ дод.
Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иброз дошт, ки барои кори самараноки хабарнигорон ҷониби Тоҷикистон шароити зарурӣ муҳайё намудааст. Аз ҷумла, дар ду толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуотӣ ташкил шудааст, ки барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ниҳоят мувофиқ мебошад. Дар ин маркази матбуотӣ барои хабарнигорон ҷойи кори мувофиқ омода гашта, компютерҳои ба интернет пайваст ташкил шудаанд.
«Бақайдгирии хабарнигорон барои инъикоси чорабиниҳои дарпешистода пешакӣ эълон карда шуда, қабули аризаҳо то 1 октябр муқаррар гардид. Дар маҷмуъ, ба намояндагони расонаҳои дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ба агентиҳои хабарии байналмилалӣ ва шабакаҳои телевизионӣ 620 бейҷик дода шуд», — гуфт Шоҳин Самадӣ.
Барои инъикоси чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ на танҳо хабарнигорон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки намояндагони телевизиони «Ал-Ҷазира», агентии «Синхуа» ва чанд нашрияи олмонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8–10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе якчанд чорабинии муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Барои иштирок дар ин чорабиниҳо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






