Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол беш аз 18 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақша доранд, ки имсол 18 ҳазору 254 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, то 7 октябр кишоварзон 9748,7 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 53,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия корхонаи коркарди пахтаи «Юсуф Саркор» фаъолият менамояд. Корхонаи коркарди пахта бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома ба имзо расонида, онҳоро дар давраи кишту парвариши пахта дастгирӣ намуд.
Дар айни замон коркарди аввалини пахта бо истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти муосир оғоз гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ имкон медиҳад, ки пахта сари вақт қабул ва коркард карда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






