«ОДИНА ҲОШИМО, ТУРО МАН ЁД МЕКУНАМ…». Ба Рӯзи Фалак бахшида мешавад

Октябрь 10, 2018 12:14

ДУШАНБЕ, 10.10.2018./АМИТ «Ховар»/.  Шоми гузашта дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ва Рӯзи фалак ва ҷиҳати ёдкарди яке аз фалаксароёни машҳури тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, сарояндаи мумтоз Одина Ҳошим   маросими фарҳангӣ таҳти унвони «Одина Ҳошимо, туро ман ёд мекунам…» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими фарҳангӣ сарояндагони маъруф, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова, Ҷамшед Исмоилов, Файзалӣ Ҳасанов, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигарон мулоҳизаҳо ва хотираҳои  худро  дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим  ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Одина Ҳошим 13-уми июни соли 1937 дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Даштиҷуми (ҳозира ноҳияи Шуроободи)  вилояти Хатлон, дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов таваллуд шудааст.

Ӯ се сол дар шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагиро аз бар карда,  аз соли 1959  то соли 1962 дар Театри халқии ноҳияи Москва ба сифати  коргардон фаъолият намудааст.

Соли 1962 Одинаи ҷавон сарвари Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб таъйин мешавад ва  муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, аз соли 1975 то соли 1980 ба сифати солисти театри мазкур кор кардааст.

Ҳунаре, ки  Одина Ҳошимро билхоса  шуҳратёр намудааст,  ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст. Одина Ҳошим чун эҷодкори   ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоиста ба ҷо овардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошим бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Шоҳназар  Соҳибов ва Акашариф Ҷӯраев дар як поя қарор дошт ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, махсусан дар Афғонистону Эрон ном бароварда буд.

Одина Ҳошим бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст.

Хизматҳои шоёни ин марди шариф  бо унвонҳои фахрӣ, аз қабили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ қадр карда шудааст.

Одина Ҳошим 16 ноябри соли 1993 вафот кардааст…

…Сабти садои Одина Ҳошим ба гӯш мерасад. Ӯ нақл мекунад: «Шунавандагони иззатманд, ман Одина Ҳошим ҳастам… Ду сол пеш дар бистари беморӣ будам. Аз Душанбе ба хонаи ман нависандаи бисёр бофазилат Фотеҳ Ниёзӣ ва Қутбӣ Киром ба хабаргириам омаданд. Ва дар хона нишаста, бо меҳмонон хеле базм кардем. Дар равиши базм ҳамроҳи фарзандон, ҳамроҳи Раҳматулло сурудҳои нав эҷодкардаамонро сароидем, аз ҷумла, як сурудро бар ғазали  Соиб, ки бо чунин мисраъ оғоз мешавад: Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад… Қутбӣ Киром  ин сурудро шунида хеле мутаассир шуд ва гуфт: Ваҳ, Одина, ин Соиби Табрезро бин, ки гуфтааст бо қувваи сухан ман оби дарёи Омуро ист мекунонам… Рӯзи дигар, вақте ба Душанбе баргаштанд, Қутби Киром шаби дароз китоб хондаву эҷод кардааст. Ва шеъре ба унвони банда навиштааст, ки ҳоло бо оҳанг онро ба самъи шумо мерасонам:

Одина Ҳошимо, туро ман ёд мекунам,

Ҳам хонае ба кӯи ту обод мекунам…

Октябрь 10, 2018 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд